Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
назарияи молия ба амал омад. Монографияҳои аввалин оид ба илми нав, ки чун воситаи таълим истифода бурданашон мумкин буд, дар оғози солҳои 60-уми асри 20 дар кишварҳои пешрафтаи англисабон пайдо шуданд. Имрӯз аллакай гуфтан мумкин аст, ки менеҷменти молиявӣ ниҳоят на фақат ҳамчун самти мустақили илмӣ ва фаъолияти амалӣ, балки ҳамчун фанни таълимӣ пурра ташаккул ёфтааст.
Менеҷменти молиявӣ аз як тараф санъат аст, чунки аксарияти қарорҳои молиявӣ ба комёбиҳои молиявии ширкат дар оянда нигаронда шудаанд, ва ин баъзан омӯзиши эҳсоси усулҳои менеҷменти молиявиро дар асоси донистани нозукиҳои иқтисодиёти бозор дар назар дорад. Аз тарафи дигар ин илм аст, зеро қабулкунандаи ҳама гуна қарори молиявӣ на танҳо асоси концептуалии менеҷменти ширкат ва усулҳои илман асосноки татбиқи он, балки дониши илмии қонуниятҳои умумии инкишофи иқтисоди бозориро талаб мекунад.
Барои кишвари мо ин мафҳум нисбатан нав аст. Менеҷменти молиявӣ ба маъное, ки дар кишварҳои мутараққӣ фаҳмида мешавад, наметавонист дар ҷомеаи сотсиалистӣ ба миён ояд, чунки дар иқтисодиёти сотсиалистӣ бозори коғазҳои қиматнок ва истиқлолияти молиявии корхона ба маънои томаш вуҷуд надорад. Танҳо ислоҳоти бозории аз солҳои 90-уми асри 20 то ба имрӯз доиршаванда, гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, аҳамияти идоракунии захираҳои молиявии субъекти хоҷагидорро чун навъи асосӣ ва афзалиятноки захира ба мақоми баланд баровард.
Вазифаҳо барои корҳои мустақилона:
- Тайёрӣ ба муҳокимаи шифоҳии саволҳо дар доираи мавзӯъ.
- Ҷавоб ба саволҳои санҷишӣ.
- Навиштани реферат дар мавзӯъҳои:
- «Таърихи пайдоиш ва инкишофи менеҷменти молиявӣ»;
- «Назарияҳои менеҷменти молиявӣ».
- Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
- Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.
Саволҳои санҷишӣ:
- Моҳияти менеҷменти молиявиро шарҳ диҳед.
- Пайдоиш ва инкишофи менеҷменти молиявиро шарҳ диҳед.
- Марҳилаҳои ташаккулёбии менеҷменти молиявиро тасниф намоед.
- Кадом концепсияҳои менеҷменти молиявиро шумо медонед?
- Назарияи сохтори сармояро тасниф намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё