Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- хатарҳои марбути селаи пулии ҷамъшаванда.
Захираҳои молиявие, ки ба соҳаи тақсимот мансубанд, унсури муҳими такрористеҳсол мебошанд ва заминаи асосии низоми идораи селаҳои моддӣ ва пулии корхонаро ташкил медиҳанд. Захираҳои молиявии корхона пайваста дар ҳаракатанд, ва идораи ҳамин ҳаракат дар чорчӯбаи менеҷменти молиявӣ амалӣ карда мешавад.
Дар навбати худ, селаҳои пулии корхона ҳаракати (воридшавӣ ва содироти) воситаҳои пулӣ дар суратҳисоб, суратҳисоби асъорӣ, дигар суратҳисобҳо ва хазинаи корхона дар рафти фаъолияти хоҷагии он буда, дар маҷмӯъ гардиши пулии онро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ин суръати рушди стратегӣ ва устувории молиявии корхона аз дараҷаи ҳамоҳангии воридшавӣ ва содироти воситаҳои пулӣ аз ҷиҳати вақт ва ҳаҷм вобастагӣ дорад, чунки сатҳи баланди чунин ҳамоҳангӣ барои татбиқи босуръати ҳадафҳои интихобшуда мусоидат мекунад.
Дар ҳақиқат, ташаккули оқилонаи селаҳои пулии мувозинати сикли амалиётии корхона ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу фурӯши маҳсулотро таъмин менамояд. Зимнан ҳама гуна вайронкунии интизом ба ташаккули захираҳои истеҳсолии ашёи хому масолеҳ, сатҳи ҳосилнокии меҳнат, фурӯши маҳсулоти тайёр, вазъи корхона дар бозор таъсири манфӣ мерасонад. Ҳатто корхонаҳое, ки муваффақона дар бозор фаъолият мекунанд, метавонанд дар натиҷаи номувозинатии навъҳои гуногуни селаи пул ғайри қобили пардохт шаванд.
Омили муҳими афзудани суръати гардиши сармояи корхона ин идораи селаҳои пулӣ мебошад. Он аз ҳисоби ихтисори муддати сикли амалиётӣ, истифодаи сарфаҷӯёнаи манбаъҳои худӣ ва коҳишдиҳии талабот ба манбаъҳои қарзии селаи пулӣ амалӣ карда мешавад. Пас, самаранокии кори корхона пурна ба ташкили низоми идораи селаҳои пулӣ вобаста мебошад. Низоми мазкур барои таъмини иҷрои нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва стратегии корхона, нигоҳ доштани қобилияти пардохт ва устувории молиявӣ, истифодаи оқилонаи дороиҳо ва манобеи маблағгузорӣ, инчунин барои ба ҳадди камтарин расондани хароҷоти фаъолияти хоҷагӣ сохта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё