Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

Маҷмӯи рақамҳои ин нишондиҳандаҳо ва тамоюли тағйирёбии онҳо самаранокии кори корхона ва масъалаҳои асосии онро нишон медиҳад.

Фарқияти селаи воситаҳои пулиро аз фоида дида мебароем.

Маблағи аз фурӯш бадастомада (маблағи фурӯш) - даромади муҳосибавӣ аз фурӯши маҳсулот ё хизматрасонӣ дар ҳамин давра, ки шаклҳои пулӣ ва ҳам ғайрипулин даромадро инъикос менамояд.

Фоида - фарқи байни даромадҳои баҳисобгирифта аз фурӯш ва хароҷоте, ки барои маҳсулоти бафурӯшрафта карда шудааст.

Селаи воситаҳои пулӣ - фарқи байни тамоми воситаҳои пулии бадастоварда ва пардохтнамудаи корхона дар давраи муайян.

Селаи пулии корхона маҷмӯи воридоту пардохтаҳои воситаҳои пулӣ дар давраи муайяни вақт мебошад, ки аз фаъолияти хоҷагидории он гирд омадаанд.

Фарқи байни ҷамъи фоидаи гирифта ва ҳаҷми воситаҳои пулӣ дар ин аст:

  • фоида даромадҳои пулӣ ва ғайрипулиро ифода менамояд, ки дар давоми давраи муайян ба ҳисоб гирифта шудаанд, ва ин бо воридшавии воқеии воситаҳои пулӣ мувофиқат намекунад;

  • фоида баъд аз иҷрои амали фурӯш эътироф карда мешавад, на пас аз воридшавии воситаҳои пулӣ;

  • ҳангоми ҳисобкунии фоида хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот пас аз фурӯши он эътироф карда мешаванд, на дар лаҳзаи пардохти онҳо;

  • селаи пул ҳаракати воситаҳои пулӣ, яъне истеҳлок, хароҷоти капиталӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти қарзҳо ва ҷамъи софи қарз, воситаҳои қарзӣ ва пешпардохтшударо инъикос мекунад, ки зимни ҳисобкунии фоида ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Воситаҳои пулӣ қисмати аз ҳама сермуомилами сармояи гардон мебошанд. Онҳоро барои пардохтани ҳама уҳдадориҳо истифода мебаранд. Идораи селаҳои пулӣ бо стратегияи афзоиши арзиши бозории ширкат робитаи зич дорад, зеро арзиши бозории ширкат ё дороиҳо ба он вобаста аст, ки сармоягузор барои онҳо чӣ қадар пул доданист, ва ин дар навбати худ ба он вобаста аст, ки дороиҳои ширкат дар оянда барои сармоягузор чӣ селаи пулӣ ва хатарҳоро меорад.

Хуллас, арзиши бозории дороиҳо ё ширкатро инҳо муайян мекунанд:

  • селаи пул, дороиҳои ҷамъшаванда ё ширкат дар оянда;

  • тақсимоти ин селаи пул дар муддати вақт;

пешина
аз 151
навбатӣ