Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

инъикос мекунанд. Ба сифати омилҳо нишондиҳандаҳои гуногун, инчунин вақт (рақамӣ давра) баромад мекунанд. Дар ҳолати дуюм вобастагӣ тренд номида мешавад.

Усули моделсозии математикӣ ба сохтани моделҳои иқтисодӣ асос меёбад, ки бо дараҷаи муайяни эҳтимолият тағйироти нишондиҳандаҳои молиявиро дар вобастагӣ ба омилҳои гуногуни таъсиррасонанда ба равандҳои молиявӣ тасвир мекунанд. Зимни ин тамоюли хушбинона, бадбинона ва имконпазири тағйироти нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (афзоиши маблағи фурӯш, коҳишёбии хароҷот барои воҳиди маҳсулот, меъёри бетағйири андоз, ҳиссаи доимии пардохтҳо ба буҷет) истифода бурда мешаванд.

Дар назария ва амалияи фаъолияти молиявӣ усулҳои математикаи молиявӣ аҳамияти бештарро ба назар гирифта мешаванд.

Усулҳои математикаи молиявӣ ба принсипи арзиши нобаробари пул дар лаҳзаҳои гуногуни вақт асос ёфтаанд. Тавре маълум аст, 100 сомоние, ки панҷ сол пас ба даст омадааст, бо ҳамин маблағи имрӯз бадастомада баробар нест, ҳатто агар таваррум ва хатари ба даст наомадани онро ба назар нагирем. Масали «Вақт пул аст»-ро ҳама медонанд. Нобаробарии ду маблағи аз ҷиҳати бузургии мутлақ ба ҳам баробар бо он алоқаманд аст, ки пулҳои имрӯз дар ихтиёр бударо фаразан дар оянда сармоягузорӣ кардану аз он фоида гирифтан мумкин аст. Усулҳои математикаи молиявӣ дар фаъолияти бонкию амонатгузорӣ, суғурта, ташкилотҳои молиявӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ, биржаҳои фондӣю асъорӣ, дар муносибатҳои иқтисодии берунӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

3.3. Намудҳои нақшаи молиявии корхона

Банақшагирии молиявӣ раванди таҳияи низоми нақшаҳои молиявӣ ва нишондиҳандаҳои нақшавӣ (меъёрӣ) барои таъмини рушди корхона аз ҳисоби захираҳои молиявии лозима ва афзоиши самаранокии фаъолияти он дар оянда мебошад.

пешина
аз 151
навбатӣ