Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Ҷадвали 3.1.
Низоми банақшагирии молиявӣ
Пешгӯии фаъолияти молиявӣ
- стратегияи молиявӣ;
- сиёсати молиявӣ дар самтҳои асосии фаъолияти молиявии корхона
то 3 сол
Банақшагирии ҷории фаъолияти молиявӣ
Нақшаи молиявии солона:
- нақшаи даромаду хароҷот;
- нақшаи ҳаракати воситаҳои пулӣ;
- тавозуни пешгӯӣ.
1 сол
Банақшагирии амалиётии фаъолияти молиявӣ
- буҷетҳо;
- тақвимҳои пардохт (хароҷот);
- шаклҳои дигари вазифаҳои молиявӣ дар ҳама масъалаҳои асосии фаъолияти молиявӣ.
моҳ, семоҳа
- Пешгӯии фаъолияти молиявӣ Стратегияи молиявии корхона низоми ҳадафҳои дарозмуддати фаъолияти корхона мебошад, ки аз вазифаи молиявии корхона, инчунин роҳҳои бештар самараноки расидан ба он мақсадҳо бармеоянд.
Стратегияи молиявӣ — нақшаи куллии амалҳои корхона мебошад, ки ташаккули молия ва банақшагирии онро барои таъмини суботи молиявии корхона фаро гирифта аз инҳо иборат аст:
• банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати ҳолати молиявӣ;
• беҳсозии воситаҳои асосӣ ва гардон;
• тақсими фондҳо.
Стратегияи молиявии корхона инҳоро таъмин мекунад:
• мутобиқати амалиёти молиявӣ ба ҳолати иқтисодӣ ва имконоти моддии корхона;
• муайян кардани таҳдиди асосӣ аз ҷониби рақибон, интихоби дурусти самтҳои амалиёти молиявӣ ва иҷрои амалҳо баҳри бадастоварии бартарӣ нисбат ба рақибон;
• ташкил ва омодасозии захираҳои стратегӣ;
• ҷобаҷогузорӣ ва расидагии давра ба давраи мақсадҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё