Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

-ҳисоббаробаркунии модели вобастагии функционалии нишондиҳандаи молиявӣ аз омилҳои муайянкунанда;
-таҳияи вариантҳои гуногуни нақшаи нишондиҳандаи молиявӣ;
-таҳлил ва арзёбии коршиносии дурнамои инкишофи нишондиҳандаҳои молиявӣ;
-қабул кардани қарори нақшавӣ;
-интихоби варианти беҳтар.

Расми 3.3. Усули экстраполятсия

Экстраполятсияи расмӣ ва пешгӯиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Экстраполятсияи расмӣ ба тахминҳо оиди тамоюлоти гузашта ва ҳозираи рушди объекти пешгӯӣ асос меёбад.
Ҳангоми экстраполятсияи пешгӯӣ рушди воқеӣ бо фарзияҳо дар бораи тағйироти раванди таҳқиқшаванда, бо назардошти дигаргунии таъсири омилҳои гуногуни оянда алоқаманд карда мешавад.
Усулҳои экстраполятсия нисбатан маъмулу коркардшуда ба шумори мераванд. Асоси усулҳои экстраполятсияро омӯзиши қаторҳои таҷрибавӣ (эмпирикӣ) ташкил медиҳад. Қатори таҷрибавӣ (эмпирикӣ) аз мушоҳидаҳои сершуморе иборат аст, ки пайдарпай ҳосил карда шудаанд.
Дар пешгӯии иқтисодӣ усули экстраполятсияи математикӣ, яъне татбиқи қонуни тағйирёбии функция аз соҳаи мушоҳида ба соҳаи берун аз он, васеъ истифода бурда мешавад. Функция модели содатарини математикию омориё мебошад, ки вобастагии объекти пешгӯӣ (нишондиҳандаи иқтисодӣ)-ро аз омилҳои ба он таъсиррасон

пешина
аз 151
навбатӣ