Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
истеҳсоли маҳсулот (ҳароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда, беҳсозӣ) ба ҳисоб меравад.
Мафҳуми левериҷи амалиётӣ бо сохтори арзиши аслӣ, хусусан бо таносуби байни ҳароҷоти шартан доимӣ ва шартан тағйирёбанда вобаста аст. Дар ин мавқеъ баррасӣ намудани сохтори арзиши аслӣ аввалан, барои ҳалли вазифаи бештар кардани фоида аз ҳисоби камкунии нисбии ин ё он ҳароҷот зимни афзоиши ҳаҷми воқеии фурӯш имкон медиҳад, сониян, тақсими ҳароҷот ба ҳароҷоти шартан доимӣ ва шартан тағйирёбанда барои муайян намудани пӯшиши ҳароҷот ва ҳисобкунии захираи пойдории молиявии корхона дар ҳолати пайдоиши мушкилот, душвориҳо дар бозор, сеюм барои ҳисоб кардани ҳаҷми буҳронии фурӯш имконият фароҳам меорад, ки барои пӯшонидани ҳароҷот ва таъмини фаъолияти безиёни корхона зарур аст.
Ҳалли ин масъалаҳо барои баровардани чунин хулоса имкон медиҳад: агар корхона ҳаҷми муайяни ҳароҷоти шартан доимиро ба вуҷуд орад, ҳама гуна дигаргуншавии маблағи пули фурӯш тағйироти қавитари фоидаро ба бор хоҳад овард. Ин падида самараи левериҷи амалиётӣ номида мешавад.
Мисол: Фарз кардем, дар соли ҳисоботӣ маблағи аз фурӯш бадастомада 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъи ҳароҷоти тағйирёбанда 8.3 ҳазор сомонӣ ва ҳароҷоти доимӣ 1.5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Фоида = 0.2 ҳазор сомонӣ.
Дар соли ба нақшагирифта ба андозаи 10%, яъне 11 ҳазор сомонӣ афзудани маблағи аз фурӯш бадастомада аз ҳисоби ҳаҷми воқеӣ дар назар дошта шудааст.
- Ҳароҷоти доимӣ = 1.5 ҳазор сомонӣ.
- Ҳароҷоти тағйирёбанда 10%, яъне ба 8.3*1.1=9.13 ҳазор сомонӣ афзуда мешаванд.
- Фоида аз фурӯш = 0.37 ҳазор сомонӣ, яъне 11-9.13-1.5.
- Суръати афзоиши фоида (370/200)*100 = 185%.
- Суръати афзоиши маблағи фурӯш = 110%.
Ба ҳар афзоиши маблағи фурӯш 85% афзоиши фоида рост меояд, яъне:
СЛАТ = 85%/10% = 8.5% Яъне, иқтидор (самара)-и левериҷи амалиётиро чун тавсифи таваккали соҳибкории корхона баррасӣ намудан мумкин аст, ки дар ҳамин соҳаи соҳибкорӣ ё дар робита бо мансубияти соҳавии он ба миён меояд. Ин самараро ҳамчун тағйири фоизии фоида аз фурӯш пас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё