Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тема 7. ЛЕВЕРИҶ ВА НАҚШИ ОН ДАР МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВИ

7.1. Мафҳуми левериҷ (фишанг) ва аҳамияти он
7.2. Левериҷи истеҳсолӣ, ҳамчун воситаи идораи фоида аз фурӯш
7.3. Арзёбӣ ва ҳудуди истифодаи левериҷи молиявӣ
7.4. Мафҳуми ҳадди даромаднокӣ ва аҳамияти он барои корхона

7.1. Мафҳуми левериҷ (фишанг) ва аҳамияти он

Дар иқтисод, аниқтараш дар менеҷмент, зери мафҳуми левериҷ раванди идораи дороиҳо ва уҳдадориҳои корхона фаҳмида мешавад, ки ба афзоиши фоида равона шудааст. Истилоҳи «левериҷӣ» аз калимаи англисии leverage гирифта шуда, маънои «амали фишангро» дорад.

Нишондиҳандаи асосии натиҷанок фоидаи софи корхона мебошад, ки аз омилҳои зиёд вобаста буда, бинобар ин имконоти тағйирёбии зери таъсири омилҳо гуногун мешаванд. Хусусан, фоидаро чун фарқи даромаду хароҷоти дорои хусусияти истеҳсолӣ ва молиявӣ тасвир кардан мумкин аст. Онҳо ҳамдигарро иваз намекунанд, валекин андозаву ҳиссаи ҳар кадомашонро идора кардан мумкин аст. Чунин тасаввури сохтори омилҳои фоида дар шароити иқтисоди бозорӣ ва озодии таъйини ташкилоти тиҷоратӣ бо кумаки қарзи бонкҳо, ки меъёри фоидаашон тамоман гуногун аст, ниҳоят муҳим мебошад.

Аз мавқеи идораи молиявии фаъолияти ташкилоти тиҷоратӣ фоида аз ду омил вобастагӣ дорад:
а) то чӣ андоза оқилона истифода шудани захираҳои молиявӣ ба корхона дода шуда; б) сохтори (таркиби) манбаъҳои маблағ.

Омили якум дар ҳаҷму сохтори воситаҳои асосию гардон ва самаранокии истифодаи онҳо акс меёбад. Унсурҳои асосии арзиши аслии маҳсулот хароҷоти тағйирёбанда ва доимӣ мебошанд, дар ин ҳол таносуби байни онҳо метавонад гуногун бошад ва бо сиёсати техникию технологии интихобнамудан корхона муайян мешавад.
Тағйири сохтори арзиши аслӣ метавонад ба ҳаҷми фонда таъсири ҷиддӣ расонад. Сармоягузорӣ ба воситаҳои асосӣ боиси афзоиши хароҷоти доимӣ ва камшавии хароҷоти тағйирёбанда мегардад.
Аммо вобастагӣ хусусияти ғайримустақим дорад, бинобар ин дарёфтани маҷмӯи муносиби хароҷоти тағйирёбандаву доимӣ

121

пешина
аз 151
навбатӣ