Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

тарафи дигар, фоида ба сифати манбаи ниҳоят муҳими даромади буҷети давлатӣ хизмат мекунад. Ҳамин тариқ, ҳам корхона ва ҳам давлат ба афзоиши фоида манфиатдоранд.

Фоидаро на танҳо ба туфайли афзоиши саҳми меҳнатии ҳайати корхона, балки аз ҳисоби омилҳои дигар ҳам афзудан мумкин аст.
Бинобар ин дар ҳар корхона таҳлили мунтазами ташаккул, тақсим ва истифодабарии фоидаро доир намудан лозим аст. Ин гуна таҳлил барои субъектони берунӣ (мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва ғ.) ҳам аҳамияти калон дорад.

Фоида ифодаи пулии қисми асосии пасандозҳои пулакӣ мебошад, ки корхона ба вуҷуд овардааст. Фоида нишондиҳандаест, ки самаранокии истеҳсолот, ҳаҷму сифати маҳсулоти тавлидшуда, вазъи ҳосилнокии меҳнат, арзиши аслиро пурратар аз ҳама инъикос менамояд. Ҳамзамон фоида ба таҳкими ҳисобҳо, рушду афзоиши истеҳсолот таъсири ҳавасмандкунанда мерасонад.

Фоида яке аз нишондиҳандаҳои асосии нақша ва арзёбии фаъолияти хоҷагидории корхона мебошад. Он на танҳо манбаъи таъмини талаботи дохилии хоҷагии корхона аст, балки дар ташаккули захираҳои буҷетӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва хайриявӣ ҳам аҳамияти калон дорад.

Фоида чун натиҷаи ниҳоии молиявии фаъолияти корхонаҳо фарқи миёни маблағи умумии даромаду хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, бо назардошти зарар аз амалиёти гуногуни хоҷагидорӣ мебошад. Ҳамин тавр, фоида дар натиҷаи робитаи мутақобилан унсурҳои зиёди аломати мусбат ва ҳам манфидошта ташаккул меёбад.

Вазифаҳои таҳлил ва пайдарпайии он:

  • арзёбии нақша (пешгӯй)-и фоида ва интихоб намудани
    варианти беҳтарин; таҳқиқи иҷрои нақша ва ҳолати тағйирёбии он;

  • ошкор намудан ва миқдоран муайян кардани омилҳои
    ташаккулёбии нишондиҳандаҳои фоида ва арзёбии сифати он;

  • омӯзиши самт, таносуб ва тамоилҳои тақсимоти фоида;

  • ошкор намудани захираҳои афзоиши фоида ва фоиданокӣ;

  • таҳия намудани тавсияҳо оид ба истифодаи самараноки фондуҳо бо дарназардошти дурнамои рушди корхона.

Таҳлил бояд ҳамчунин таъсири вайронкунии интизоми шартномавӣ, технологӣ ва молиявиро ба фондуҳо нишон диҳад.

Барои арзёбии воқеии сатҳи фондунокии корхона аз усулҳои
таҳлили комплексии фондуҳо аз рӯи омилҳои техникӣиқтисодийистифода

пешина
аз 151
навбатӣ