ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Аммо қайд кардан бамаврид аст, ки “инсони комил”-и Тасаввуф ба ғайр аз тавонои ҷисмонию ақлонӣ, боз дорои маънавияти воло ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Пас, мафҳуми “абаринсон” ё “супермен” ва монанди онро ба “инсони комил” айният додан комилан ғалат аст.
Мафҳуми “Инсони комил” хеле васеъу баҳснок мебошад. Ин вобастагӣ аз он дорад, ки аз кадом нуқта ба он рӯ меоварӣ.
Мо нисбати мавқеъгирӣ ва назари динҳои дунё пиромуни ин муаммо дигар чизе намегӯем. Фақат таъкид мекунем, ки ин масъала пеш аз Ислом ба миён омада буд ва мусулмонон тавонистанд ҳалли онро бо истифода аз Тасаввуф ба даст оваранд.
Ба андешаи мо, мавзӯъро аз нуқтаи назари таълимоти сӯфия, ки маҳсули тараққии илму маърифати гузаштагони мост ва ба фаҳму андешаи мо наздиктар аст, рӯшантар дарк карда метавонем, ё ҳадди ақалл нисбат ба он андешаронии камхато ва мантиқӣ менамоем. Бинобар ин, муҳокимаро асосан дар дохили ҳамин чорчӯб анҷом медиҳем.
Саволе ба миён меояд, ки оё бани Одам барои мубориза ва расидан ба ин зинаи баланди инсонӣ
– камолот аз даврони офариниш сазовор ва омода буд? Дар сураи “Исро” ояти 70 омадааст, ки: “Ба таҳқиқ азизу мукаррам кардем фарзанди одамро ва бардоштем онҳоро (дар маркабҳои роҳрав) дар саҳро ва дарё ва рӯзӣ додем ба онҳо аз чизҳои покиза ва фазл додем онҳоро бар бисёрӣ аз он чӣ
1 офаридем фазл додане”. Ин ҷо таъкид шудааст, ки Аллоҳ таъоло фарзанди одамро гиромӣ дошта, Абӯаломуддин. Тафсири осонбаён, ҷузъи 15-16, саҳ. 76.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё