ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Аслан, калимаи “йога” маънои “иттиҳод”, “иттисол” (якҷоя шудан)ро дорад. Пас, йога ва роҳи браҳмани ҳиндӣ – роҳи риёзат, тасфия ва пок намудани қалб ва ҳатто таҷрибаи ҷангҳои дастии шарқӣ мисолҳоеанд аз муборизаи бани одам дар расидан ба қуллаи камолот.
Мо бояд фарқ ва умумияти истилоҳи “Инсони комил”и тасаввуфи исломӣ ва “абаринсон”и файласуфи маъруфи олмонии асри нӯздаҳум Фридрих Нитчеро хуб дарк намоем. Як зумра муҳаққиқон ақида доранд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ консепсияи “Инсони комил”ро аз китоби “Чунин гуфт Зардушт”-и Фридрих Нитче гирифтааст. Дар асл чунин нест, зеро “супермен”, яъне “абаринсон”-и Нитче як инсони абарқудрату даҳшатангез аст ва барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз ҳеҷ як кирдору рафтор сарфи назар намекунад, ҳама чизро, ки садди роҳи вай мешавад, бераҳмона несту нобуд месозад. Ба гуфтаи баъзе олимон, дар ғояи “абаринсон”и ин олими немис инсон пулест ё ресмонест, ки ҳайвон ва “абаринсон”ро мепайвандад ва гӯё агар одам аз хислатҳои ҳайвонӣ даст кашида, ба сӯи муҳити озодӣ ҳаракат намояд, аз ин пул тир шуда, ба тарафи “абаринсон” мегузарад. Умуман, нисбати Ф.Нитче ва ғояҳои вай афкори ноаниқу ба ҳам зид зиёданд. Фикрҳое низ ҷой доранд, ки гӯё ақидаҳои вай роҷеъ ба “абаринсон” барои ба вуҷуд омадани фашизми олмонӣ бо сарварии Адолф Гитлер заминаи асосии ғоявӣ гузошта буд ва боиси бадбахтию қурбонии миллионҳо инсонҳои бегуноҳ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё