ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Аммо афсӯс, ки пайдо кардани чунин одамон мушкил аст.
Аз Офаридгор таманно мекунам, ки дар иншои ин мақола маро аз иштибоҳҳо нигаҳ дорад ва пешопеш аз хонандагони арҷманд барои камбудиҳои эҳтимолӣ узр мехоҳам.
САЙРЕ ДАР МАФҲУМИ
“ИНСОНИ КОМИЛ”
Мавзӯи “Инсони комил” касро ба олами Ирфон, ки роҳе ба сӯи камолот аст, роҳнамоӣ мекунад ва аз ғанои маърифати олии исломӣ баҳраманд мегардонад. Ба андешаи мо, дар шароити имрӯзаи бӯҳрони ахлоқ ва одоби инсонӣ, ошноӣ бо ин мавзӯъ барои ҳамагон, махсусан, барои ононе, ки стратегияи тарбияти ҷавононро омода месозанд (назарияпардозони ахлоқи ҷомеъа), тарбиятдиҳандагон, наврасони ҷамъияти мо ва ҳаводорон аз манфиат холӣ нест.
Пайдоиши мафҳуми “инсони комил” таърихи бисёр қадим дорад. Инсоният аз офариниш орзуи камолотро дар худ дошт. Ҳар халқу миллат бо ҳар роҳ барои амалӣ намудани ин ормон ҳаракат мекард. Аз ҷумла, ҳазорон сол пеш дар Ҳиндустон таълимоти йога ба миён омад, ки бо роҳи машқҳои он одамон роҳи камолотро пеш гирифтанд. Йогҳои ҳинд ба ду саволи асосӣ ҷавоб меҷустанд: “Аз дард чӣ тавр халосӣ ёбем?” ва “Чӣ тавр бар марг ғалаба кунем?”. Тамринҳои йога аз тарбият ва обу тоб додани бадан оғоз ёфта, бо тарк намудани он ва бақо ёфтани руҳи инсон анҷом меёфт. Ин на танҳо як назария, балки тарзи ҳаёт буд. Йога таълимоте дар бораи ҳаёт аст ва дар дунё системаи кӯҳнатарини тараққиёти шахсият, бадан, шуур ва рӯҳ маҳсуб мешавад. Мувофиқи ин таълимот, агар рӯҳу афкори худро идора карда тавонед, соҳиби тавоноии фавқулоддае хоҳед шуд, ки амалҳои хайр ва бисёреро анҷом дода метавонед. Мақсади асосии ҷанбаҳои гуногуни йога инсонро бо Мутлақ ё рӯҳи пок (Браҳман) иттисол додан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё