ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Дар рисола ба ҷуз шарҳи кӯтоҳи мафҳуми “Инсони комил” ва ибрози назари мухтасари баъзе аз масоили тарбият, ба ҷанбаҳои дигари масъала кордор нашудем. Баёни роҳи камолот – ҷараёни сайру сулуки маънавӣ ҳам, ки роҳи ирфонист ва тааллуқ ба таълимоти Тасаввуф дорад, аз доираи кори мо берун аст.
Танҳо кӯшиши идроки мафҳуми “Инсони комил” (баъзан “Инсони ормонӣ” (идеалӣ) низ мегӯянд) шахсро ба сӯйи саодат ҳидоят менамояд.
Андеша пиромуни ин мавзӯъ қалбро рӯшан месозад ва ба ҳаёти кас сафо мебахшад. Зиндагии инсонҳои комил – пайғамбарону саҳобаҳову авлиё, ҳатто баъди аз дунё гузаштанашон низ намунаи ибрат мебошад. Намунаи олитарин ва беназири Инсони комил Пайғамбари бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) мебошад. Беҳуда нест, ки ҳар сол мусулмонони дунё маъракаҳои “Мавлуди Пайғамбар (с.а.в.)”-ро мегузаронанд. Мақсади асосии ин ҷамъомад дар ёди одамон тоза намудани хотироти олиқадр аз сират (хислату фазилат, хулқу одоб, табиат ва рафтор)и Сарвари Коинот мебошад. Ин як далели он аст, ки мардум азму ирода ва завқу шавқе дар роҳи камолот ва ахлоқи ҳамида доранд ва дар ҷодаи камолоти худ ба пешвои бузургашон эътиқоду пайравӣ менамоянд ва расидан ба сифатҳои олии онро орзу мекунанд.
Бояд тасдиқ намоем, ки дар мавзӯи инсони комил чизе навиштан басо мушкил аст. Дар ин бора шояд танҳо ҳамон шахсе сухани дуруст ва шарҳу тафсири саҳеҳ гуфтаву навишта метавонад, ки шогирди ин мактаб бошад ва мароҳили онро ба таври табиӣ дар назди устоди бакамолрасидае тай намуда бошад ва илло ҳатман ба хатоҳо ва иштибоҳот рӯ ба рӯ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё