Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад,
Худованди ҷону Худованди рой,
Худованди бахшандаи Раҳнамой...

Инсони комил, ки натиҷаи тараққиёти башарияту ҷамъият ва афкори беҳтарину мавзӯи марказии таълимоти Тасаввуф аст, то кунун ҷолиби диққат ва мавриди баҳсу ҷустуҷӯҳои илмии донишмандон буда, моҳият ва аҳамияти худро ҳамчунон гум накардааст. Аммо афсӯс, ки бо вуҷуди тараққиёти замона, пешравии босуръати илм, тағйири мусбати муносибати давлат ба дин ва тадриҷан афзудани миқдори маводи динӣ ва тасаввуфӣ, монанди пешина имрӯз ҳам маъно ва моҳияти аслии ин истилоҳ дастраси бисёриҳо нест ва дар истифодаи рӯзмаррагӣ дар бисёре аз маворид ғалат фаҳмида ва ғалат истифода мешавад. Аз ин рӯ, ба ин натиҷа расидем, ки рӯшанӣ андохтан ба маънои ин мафҳум аз манфиат холӣ нест.
Банда бо вуҷуди донистаҳои ноқиси худ, ҷуръат намудам, ки шарҳи мухтасаре аз мафҳум ё истилоҳи “Инсони комил”ро ба қадри қудрат ва тавоноии худ ба тарзи кӯтоҳ рӯйи коғаз оварам ва хидмати азизон ироя намоям. Дар ин роҳ ба ҷуз баъзе назару хулосаҳои ночизи худам, ба навиштаҳои андешамандон ва муҳаққиқон такя намудам. Бояд ёдоварӣ кард, ки роҷеъ ба баҳси “Инсони комил” осори зиёди илмӣ таълиф гардидааст, ки бисёрашон аз доираи ин пажӯҳиш берун мондаанд.

пешина
аз 53
навбатӣ