ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Шайх Азизиддини Насафӣ бо осори мондагори фалсафӣ-ирфонии худ чун “Ал-Инсон ал-комил”, “Зубдат ул-ҳақоиқ”, “Мақсад ул-ақсо” ва “Кашф ул-ҳақоиқ”, ки бо забони фасеҳи форсии тоҷикӣ нигошта шудаанд, андешаи “Инсони комил”-ро ба гунаи як низоми мустақили фикрӣ, ки аз як сӯ, аз андешаи Тавҳиди исломӣ, аз сӯйи дигар, аз мактабҳои каломии Ашъария ва Мотуридия ва ниҳоятан, аз фалсафаи Ирфон, ба вижа, аз андешаи Ибн ал-Арабӣ маншаъ мегирад, тарҳрезӣ кард ва онро дар ҳадди як назарияи мустақили фалсафӣ-ирфонӣ вориди фалсафаи Ирфон намуд.
Вай аз авоили китоби “Инсони комил” ба таърифи “Инсони комил” мепардозад ва мегӯяд: “Эй дарвеш! Бидон, ки Инсони комил он аст, ки дар Шариъат, Тариқат ва Ҳақиқат тамом бошад ва агар ин иборатро фаҳм намекунӣ, ба иборате дигар бигӯям. Бидон, ки Инсони комил он аст, ӯро чаҳор чиз ба камол бошад: ақволи нек, ва афъоли нек ва
1 ахлоқи нек ва маъориф”.
Чунон ки мебинем, ин бардошти Азизиддини Насафӣ аз Инсони комил аз як сӯ динӣ, аз сӯйи дигар дунявӣ аст. Дар ҳоле ки дар ҷаҳони имрӯз ҷараёни ҷаҳонӣ шудан (globalism) дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ зарбаҳои ҷонкоҳе ба ҳуввият ва фарҳанги миллии милалу ақвоми мутамаддини дунё ворид мекунад ва башарро ба сӯйи худкомагиву номуродӣ, бегонагиву фақри маънавӣ мекашонад, ин гуна бардоштҳо аз Инсони ормонӣ қобили мулоҳиза аст.
Андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии Азизиддини
Насафӣ то ба ҳол ба таври боиста ва шоиста мавриди таҳлилу таҳқиқи ҷиддии муҳаққиқин қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, аҳли таҳқиқ мадюни ин андешаҳои башардӯстона аст.
Рисолае, ки дар айни ҳол дар дастраси мо қарор мегирад, маҳсули заҳмати шахси донишманд ва ворастаест бо номи Наҷмиддин Рашидов, ки бо вуҷуди мутахассиси улуми риёзӣ будан ва масъулият доштан дар умури низомӣ, аз фазои адабу фарҳанги миллӣ ва фалсафаву ирфони исломӣ нафас кашида ва маънавияту маърифати моро гиромӣ доштааст.
Наҷмиддин Рашидов солҳост, ки ба мутолиъа ва таҳқиқ дар заминаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, тасаввуф ва ирфони исломӣ машғул аст.
Шарҳи ирфонии ғазалҳои Бобораҳими Машраб, ки чанд сол пеш ба чоп расида буд, аз корҳои мондагори илмии ӯст ва умедворем, рисолаи дуввуми ӯ дар бораи Инсони комил аз манзари Азизиддини Насафӣ низ ба унвони сармашқи таҳқиқоти муҳаққиқони оянда дар ин замина шинохта шавад.
Ҷаъфар ХОЛМӮЪМИНОВ,
доктори улуми фалсафа (DSc),
устоди Донишгоҳи давлатии ховаршиносии
Тошканд
1 Азизиддини Насафӣ. Маҷмӯъаи расоили машҳур ба Китоб ал- Инсон ал-комил. / Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Морижон Муле. – Теҳрон: “Таҳурӣ”, 1389 (2010). – С.74.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё