Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя

ИРФОН ДАР ҶУСТУҶӮИ ИНСОНИ ОРМОНӢ

Ҳамчунон ки андешаи “Шаҳри ормонӣ” дар тамоми тӯли қуруни васатӣ орзӯшаҳр ва орзӯҷомеъаи андешамандони Шарқи мусалмон будааст, андешаи “Инсони ормонӣ” ба унвони орзӯинсони мутафаккирони ҷаҳони ислом бо зебоиҳои шигифтангези суварӣ ва маънавии худ тафаккури фалсафӣ ва адабиёти бадеъии Машриқзаминро музайян ва муъаттаф намудааст.
Ин андешаҳо, ки дар асл аз ҷустуҷӯҳои зеҳнии андешамандони бузурги ҷаҳон реша ва сарчашма мегирад, ҳокӣ аз он аст, ки олами инсоният дар тамоми тӯли торих ҷӯяндаи саъодат ва оромиш дар дунёву уқбо будааст. Андешамандони ҷаҳон пас аз қарнҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки бозсозии ҷомеъа ва ҷаҳон, ки комилу ҷомеъ нест, ба ҷуз аз роҳи бозсозии ҳастии худи инсон ҳаргиз муяссар нахоҳад шуд. Ин буд, ки Форобӣ бо табйини назарияи “Мадинаи фозила” – шаҳри зебои донишмандону фозилон, шаҳри ободи ростиву адолат, ки тамоми мардумаш озоду озода, саъодатманду болидахотиранд, ба тарҳи андешае пардохт, ки бунёди чунин шаҳри обод ва чунин ҷомеъаи озод танҳо аз роҳи тарбияти инсонҳои фозил – донишманд муяссар хоҳад шуд.
Пас аз табйини баҳси шаҳр ё ҷомеъаи фозила, дар фалсафаи ислом зарурати тарҳрезӣ ва табйини баҳси чигунагии ҳастии Инсони ормонӣ ба миён омад. Зеро андеша дар бораи “Мадинаи фозила” Инсонро омили аслии ин гуна ҷомеъаи ормонӣ қаламдод карда буд.
Вале баҳси моҳияти ҳастии Инсон чун баҳсе мобаъдуттабиъӣ ҳам маҳсуб мешуд ва дар чорчӯби ақлгароӣ ва мантиқгароиҳои фалсафаи машоӣ намегунҷид, тарҳи он дар қолаби ин навъи андеша имконнопазир буд. Табйини андешаи Инсони ормонӣ андеша ва шинохтеро тақозо мекард, ки дар канори гаройишҳои ақливу зеҳнӣ такя ба гаройишҳои завқиву ваҷдӣ – яъне, ботиниву қалбӣ дошта бошад. Аммо пас аз Форобиву Ибни Сино, фалсафаи ақлгаро рӯ ба таназзул ниҳод ва ба ҷойи он фалсафаи Ирфон, ки комилан аз андешаи исломӣ сарчашма мегирифт ва усули аслии маърифати худӣ ва Худоро дар мушоҳида ва бозёфтҳои завқиву қалбӣ медид, вориди майдони тафаккур гардид. Фалсафаи Ирфон, ки ҷавҳари таълимоти Тасаввуф маҳсуб мешавад, беҳтарин ва сазовортарин усули шинохт барои табйини андешаи “Инсони ормонӣ” буд. Ва торихи тафаккури исломӣ ин фурсатро ба Шайх ул-акбар Муҳйиддин ибн ал-Арабӣ муносиб донист. Ибн ал-Арабӣ аввалин мутафаккире буд, ки таъбири “Инсони комил”-ро вориди фалсафаи исломӣ кард ва Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.)-ро намунаи комил ва ҷомеъи Инсони комил донист.
Андешаи Инсони комил пас аз Ибн ал-Арабӣ аз сӯйи муъосирони хурди ӯ чун Абдулкарими Гелӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Шайх Азизиддини Насафӣ идома пайдо кард. Ҳар кадоме аз ин андешамандон “Инсони комил”-ро ба гунае хос қаламдод карданд. Вале аз миёни инон симои Инсони комил ба ривояти Азизиддини Насафӣ ба шакли сареҳтар ва ҷомеътар ба риштаи таҳрир даромад ва мавриди писанди ояндагони дунёи маърифат қарор гирифт.

аз 53
навбатӣ