Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба ӯ хусусиятҳоеро ато кардааст, ки дигар ҷонварон аз он бенасибанд, ӯро нисбати ҳамаи махлуқот фазилати ошкор додааст. Парвардигор – Холиқи олам инсонро чун “ашраф улмахлуқот” (шарифтарини офаридаҳо) халқ намудааст. Пас, фарзанди одам ин фазлу ҳурмату иззатро бояд бо шукру сипос ва бо тоату ибодат посух гӯяд ва ба сӯи камолот–даргоҳи Илоҳӣ дар ҳаракат бошад. Ғайр аз ин, худи Одам натиҷаи тараққиёти табиат аст ва аз ин рӯ одамизод бояд мунтазам дар тараққӣ бошад.
Инсон аз кулли офариниш мураккабтарин мавҷудоти табиат аст ва ба мураккабтаршавӣ ва тараққӣ ёфтан майл ва эҳтиёҷ дорад. Худо неъматеро чун тафаккур ба Инсон ато фармудааст ва ӯ бо тафаккур бояд қалбашро пок созад ва ахлоқашро сайқал диҳад. Шояд бо ҳамин асосҳо масъалаи тарбияти одамон дар ҳар давру замон амали муҳим ва калидии ҷамъият буд. Назария ва амалияи Тасаввуф ба ин муаммо машғул буду роҳҳои бо ибодату риёзат ба камол расонидани Инсонро пешкаш намуд.
Имрӯзҳо мавзӯи “инсони комил” ва орзуи ба камолот расидани одамон аз сабаби нисбатан заиф гаштани мавқеи Тасаввуф, умуман, дин ва баъзан беқадрии сифатҳои хуби инсонӣ дар ҷамъият назаррас нест ва дар паноҳи дигар муаммоҳои муосир пинҳон аст. Аммо инсоне, ки аз тамоми махлуқот бузургтар ва комилтар офарида шудааст, аз ин мақсади олӣ даст накашидааст ва ҳоло ҳам роҳи камолро тарк накардаасту шарафи пешинаашро пеши Аллоҳ таъоло нигоҳ медорад.
Одам махлуқест, ки дар миёни фаришта ва ҳайвон ҷой дорад. Ӯ бо роҳи тараққӣ додани рӯҳи раҳмонии дар вай муҷассам ба тарафи рӯҳи Мутлақ равона мегардад.

пешина
аз 53
навбатӣ