ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Илова бар ин, ғарази Қуръон бо ҳазфи номҳои Одаму Ҳавво, ки дар сурати тавротии он омада комилтар ошкор мешавад. Калимаи “одам” бештар барои як мафҳум нигоҳ дошта ва ба кор бурда шуда, то барои номи фарди муайяне аз афроди башар. Ин тарзи истеъмол аз худи Қуръон ошкор мешавад ва ояе, ки пас аз ин тарҷумаи он меояд, намунае аз он аст: “Ва шуморо офаридем ва ба шумо сурат бахшидем ва он гоҳ ба фариштагон гуфтем, ки ба Одам саҷда кунед...” (Қуръони
1 карим, сураи “Аъроф”, 11.).
Одам ё кас аз ҷиҳати маъною истифода бисёр наздиканд. Аммо “шахс”(арабӣ) барои ифодаи ҳар як одам не, балки одами алоҳида аз ҷамъият истифода мешавад. Ин ҷо илова менамоем, ки инсонҳои ба чашм расандаро башар мегӯянд, инсониятро башарият мегӯянд. Аммо ҳар як башар ба дараҷаи шахс нарасиданаш низ имкон дорад.
Шахс ин одамест, ки бо дониш, одоб, хулқ ва дигар фазилатҳояш аз дигарон фарқ мекунад ва дорои қиёфаи маънавии худ аст.
Баъзе шахсони алоҳида ё олимони машҳур ҳатто таърихро тағйир медоданд. Масалан, Чингизхон, Амир Темур, Наполеон Бонапарт, Мавлавии Румӣ, Алберт Энштейн ва ғайра. Бо тараққӣ ёфтан чанде аз ашхос ба дараҷаи доҳигӣ ё пешвоӣ мерасанд ва дар пешравию комёбии ҷамъият роли муайянкунандаеро мебозанд, ки мардум онро эҳсос ва эътироф менамояд. Дар ҷамъият доноён, ҷасурон, паҳлавонон, пайсадорону молдорон зиёданд, аммо на ҳама ба дараҷаҳои шахсиятҳои бо- Муҳаммад Иқбол. Эҳёи фикри динӣ дар ислом. – С.116.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё