Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

эътибор мерасанд.
Бо афсус бояд қайд намоем, ки дар ҳама давру замон қисмати асосии одамон дар рӯи замин хӯрандаҳо ё истеъмолкунандагонанд. Нафаронеанд, ки номашонро роботҳои ба худ хизматкунандаи биологӣ номидан ғалат нест. Ба қавли Азизидини Насафӣ: “...бештари одамиён сурати одамӣ доранд ва маънии одамӣ надоранд ва ба ҳақиқат
1 хар ва гов ва гург ва паланг ва мор ва каждуманд”.
Агар аз ҷамъият миллионҳо одамони ба якдигар монанди хӯранда ё истеъмолчиро гирифта партоем, дар таърих ё тараққиёти ҷамъият тағйироти чашмрасе рух намедиҳад. Ҷамъият монанди пешина мемонад, чунки онҳо (истеъмолкунандагон, хурандагон) ягон роли муҳиме надоранд. Аммо, шахс будан ё дорои шахсият ё инсони комил будан басо мушкил аст, чунки вай танҳост ё дар ин гуна ҷамъият ба танҳоӣ мемонад. Ин гуфтаи мо гапи нав нест.
Тӯда ё издиҳоми одамон оромиро мехоҳад. Издиҳом аз ибтидо мурда аст. Ҳама пешравӣ аз он оғоз меёбад, ки шумо худро чун шахс бишносед ва дорои шахсият гардед.
“Инсон” кист? Инсон калимаест, ки барои ифодаи авлодони бани Одам зиёдтар истифода мешавад. “Инсон” исмест, ки аз калимаи арабии “аниса” ҳосил карда шудааст ва маъноҳои мувофиқ шудан, шинос шудан, дӯст шудан, дӯст доштан, омӯзондан ва монанди онҳоро ифода мекунад.
Яъне, калимаи инсон ҳамчун исми ифодакунанадаи ин амалҳо ба миён омадаасту ҳаракатҳо Азизиддини Насафӣ. Инсони комил. – С.45.

пешина
аз 53
навбатӣ