ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Дар шарҳи истилоҳи “Инсони комил” бояд мавқеъгирии муқаддимотии мо ин бояд бошад, ки зоти комил ва беайбу нуқсон танҳо Парвардигори яктост. Пас, шояд гуфта тавонем, ки: роҳи камолот роҳест ба тарафи даргоҳи Холиқи Қодир. Ва шояд ба иштибоҳ роҳ надиҳем, агар тасдиқ намоем, ки: ҳар пешравии мо дар роҳи ризои Худо, пешравӣ дар камолоти мост. Аз ин ҷо ба хулосаи мантиқие меоем, ки роҳи камолот роҳи тариқат аст ва сӯфӣ баъд аз ба камоли маънавии худ расидан, ба мақоми “Ориф”, ки мақоми Ирфон аст, иртиқо меёбад ва пас аз таййи мароҳили маънавӣ “Инсони комил” ном мегирад ва дар оянда ба такмилу тақвияти камолоташ мепардозад.
Ҳеҷ касро, то нагардад ӯ фано,
Нест раҳ дар боргоҳи кибриё.
(Ҷалолиддини Румӣ)
Ҳар қадар ки Инсон ба камолот наздик шавад, пок гашта, ба тарафи Илоҳӣ равона бошад, дар вай ҳамон қадар зиёдтар сифатҳои Офаридгор ба назар мерасанд, ё “рӯ мезананд” ва ӯ ба даргоҳи Парвардигор торафт назиктар мешавад.
Инсон аз офариниш эҳтиёҷи покшавӣ ва камолотро дорад. Бо поку мусаффо гаштани қалб ва пурратар шудани ақлу шуураш ӯ торафт комилтар мешавад ва наздик шудан бо комилонро орзу мекунад ва дар роҳи баркамолӣ ба сӯи Холиқи Мутлақ роҳ мегирад. Ин роҳи пурпечутобу дуру дароз Инсонро ба зоти боз ҳам шарафноктар ва қудратнок табдил медиҳад.
Камолоти Инсон, парвози рӯҳи вай беохир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё