ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
бахшид ва бо он, ки (Холиқ) тавбапазир ё бахшандаву меҳрубон аст, ба одам худро боз ҳам хубтар ва аз наздиктар шиносонид, вайро ба худ муқаррабтар сохт.
Дар поён назари бисёр ҷолиби Азизиддини Насафиро аз китобаш “Инсони комил” меорем:
“...одамиён дар ин олами сифлӣ (паст, бевафо) мусофиранд, аз ҷиҳати он ки рӯҳи одамиро, ки аз ҷавҳари малоикаи самовӣ аст, аз олами улвӣ (боло, осмонӣ) аст ва ба ин олами сифлӣ ба талаби камол фиристодаанд, то камоли худро ҳосил кунад ва чун камоли худ ҳосил кард, бозгашти ӯ ба ҷавоҳири малоики самовӣ хоҳад буд ва ба олами улвӣ хоҳад пайваст ва камол бе олат (восита)
1 ҳосил наметавон кард”. Ин ҷо Насафӣ тасдиқ кардааст, ки рӯҳи одамиро, ки “аз олами улвӣ аст ва ба ин олами сифлӣ ба талаби камол фиристодаанд”. Яъне, таъкид мекунад, ки рӯҳи одамиро “фиристоданд” ва, албатта, ба ин амал фақат Офаридгор қодир аст. Яъне, қадами аввалини одам дар роҳи камолот (аз биҳишт ба Замин) иродаи худовандӣ буд.
Оё мо ба иштибоҳе роҳ медиҳем, агар тасдиқ намоем, ки камолоти Инсон ба маънои васеъ аз рӯзи “Мисоқ” (аҳду паймони миёни Худованд бо бандагон дар рӯзи азал, ки ба “олами зарр” низ таъбир мешавад) оғоз меёбад? Не. Аммо ин камолот, ба фикри мо, аз роҳи тараққиёти маърифатию рӯҳии Инсон, аз пайраҳаи Инсони комил андаке дар канор аст, ҳарчанд ки пойдевори аввалини камол – “ба пойи худ рост шудан” аз ҳамон ҷо оғоз меёбад.
Азизиддини Насафӣ. Инсони комил. – С.54 (аз интернет).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё