ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Одам (а) чанд сухану дуои судбахшро аз тарафи Парвардигори худ пазируфту бо ихлоси тамом калимаи тавбаро ба забон овард : “Эй Парвардигори мо, ба нафсҳои худ ситам кардем; ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта, аз
1 зиёнкорон бошем”.
Ёдовар мешавем, ки “тавба” аввалин мақоми тасаввуфист, ки дар он солик (вақте ки мурид бо роҳбарии муршидаш ба роҳи тариқат дохил мешавад, ӯро “солик” меноманд)и тариқат ба ибтидои ҳаёти тоза шурӯъ мекунад ва нуқтаи такомули маънавияш аз ҳамин асно оғоз мегирад. Бо тавба солик роҳи дар амал ҷоришудаи зиндагии худро дигаргун месозад ва ба маърифати худ шурӯъ менамояд. Пас, мо ба хулосаи муҳимтаре меоем, ки:
Ҷодаи камолот аз тавба маншаъ мегирад.
Олими эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ дар силси-
2 лаи суханрониҳояш таҳти номи “Ирфони Ҳофиз” мис раъҳои Ҳофизи Шерозиро дар шакли зер оварда шарҳ медиҳад:
Мо бадин дар на пайи ҳишмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем,
Ишора ба достони Одам аст бо таъбири ирфонияш, достони исёни Одам ва ронда шуданаш ва ...
Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам, То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем,
1 Қуръони карим. Сураи “Аъроф”, 23. “Тафсири осонбаён”, пораҳои 9,10,11, саҳ.27-28.
Муртазо Мутаҳҳарӣ. Ирфони Ҳофиз. Қисми 13 (аз интернет).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё