ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
“Комилӣ” ё “камолот”и Инсон мафҳуми тасаввуфист. Инсоне, ки қалби худро фориғ сохта, онро аз нури Илоҳӣ мунаввар намудааст, комил аст, ё ба камолот расидааст. Ё ба забони дигар ифода намоем: Комил касест, ки пардаҳо байни вай ва дунёи фонӣ бардошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамчун синоними истилоҳи “комилӣ” ё “камолот” аз ибораи “инсони комил” дар адабиёти классикӣ ва фалсафаи Ирфон баъзан “одамият”, “футувват”, “ҷавонмардӣ”, “одамигарӣ” ва ғайра низ истифода шудааст. Аз ҷумла, шоир ва мутафаккири бузург Шайх Саъдии Шерозӣ дар мавриди одамият ашъори нағзу пурмағзеро сурудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ғазалест, ки чунин оғоз мешавад:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият...
Камолоти инсон аз куҷо ва кай оғоз мешавад?
Менигарем ба ояти 36 аз сураи “Бақара”: “Пас ҳар дуро аз он ҷо шайтон билағжонид, пас, баровард онҳоро аз он неъматҳое, ки дар он буданд. Ва гуфтем фурӯ равед (сӯи Замин), баъзеи шумо барои баъзеятон душман бошед. Ва барои шумо дар Замин то муддате оромгоҳу баҳрамандӣ фароҳам
1 бошад”.
Инсони огоҳ ва мӯҳтарам бо андак ғафлат аз дарахти мамнӯъ хӯрд ва аз Ҷаннат берун гардид. Бо ин амал “Одам ба Парвардигораш исён варзид ва
2 гумроҳ гардид (меваи мамнӯъро хӯрд)”. Баъди ин
1 Тафсири осонбаён, пораҳои 1,2,3, саҳ.54.
Қуръони карим, сураи “Тоҳо”,121.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё