Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз зумраи наҷотёфтагон аст. Вай ба сафи одамоне дохил аст, ки аз байни онҳо инсонҳои комил ба воя мерасанд. Ин ҷо ишоратест, балки раҳнамоиест ба манзили камолот ва тарзи тай намудани роҳи такомул.

КАМОЛОТ ЧИСТ ВА
АЗ КУҶО ОҒОЗ МЕЁБАД?

Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
Аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Зин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он, ки ёфт менашавад, онам орзуст.

Ин мисраъҳои машҳури Мавлавии Румӣ исботи онанд, ки Инсон доимо дар ҷустуҷӯи камолот ё комилӣ пеш мерафт ва новобаста ба пурпечутобию мураккабии ин ҷода дар роҳи худ қавӣ истод буд.
“Камол” калимаи арабист ва маънояш “пуррагӣ”, “мукаммалӣ”, “фазилат”, “ниҳоят”, “мунтаҳо” мебошад. “Камолот” ҷамъи “камол” аст. Ин ҷо камоли маънавию рӯҳонӣ ё маърифатӣ дар назар аст.
Калимаи “комил” дар ҳаёти рӯзмарра зиёд истифода мешавад. Кӯтоҳтар ифода кунем, “комил” дар ин ё он соҳа касест, ки ҳамон соҳаро пурра ё мукаммал аз худ намудааст. Дар хотир бояд дорем, ки камолот дар ҳама ҷабҳа ибтидо дораду интиҳо не.

пешина
аз 53
навбатӣ