Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гуфтем: Ориф ҳастиро мавлуди ишқ медонад.
Сабзаи хатти ту дидему зи бӯстони биҳишт
Ба талабгории ин меҳригиёҳ омадаем.
Мо аз он ҷо ба ин ҷо омадаем.

Ба чунин ганҷ, ки шуд хозини ӯ Руҳ(и) амин,
Ба гадоӣ ба дари хонаи шоҳ омадаем.

Дар айни ҳол омадаем ин ҷо комил шавем, ба феълият бирасем ва баргардем...
Дар як ғазали дигараш (Ҳофиз) ҳамин масъалаи “инсони қабл ад-дунё”ро ба ин сурат мегӯяд:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам,
Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,
Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам,
Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ,
Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам,
Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.

Албатта, ин ки “Одам овард” аз назари ориф як нақсе (айб, камбудӣ, нуқс) аст, ки муқаддимаи камол аст, як исёне аст, ки мунҷар (мунҷар шудананҷомидан) ба мағфират ва тавба ва бозгашт мешавад. Аслан камоли Одам дар исён буд, вале на дар исён аз он ҷиҳат, ки исён аст. Исён агар исён бошад ва мутаваққиф бишавад, он нузул аст ва интиҳотот ва суқут, вале агар мунҷар ба тавба ва бозгашт бишавад, он камол аст.

пешина
аз 53
навбатӣ