Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

Ширкатҳои пешоҳангӣ воқеияти дигар доранд. Он боварӣ дорад, ки татбиқи ғояҳои техникии он бозорро меафшонад... дар 85 ҳолат аз 100 бо муфлисӣ ба анҷом мерасад (маълумоти солҳои 80-уми ИМА).

Вале дар 15 ҳолат ба зиммаи эксплерент муваффақияти калони техникӣ ва молиявӣ зам мегардад. Ин барои ба тиҷорат ҷалб намудани ширкатҳои нав мусоидат менамояд.

Бо сабаби табиати фаъолияти кӯтоҳмуддат доштан мушоҳидаи шаффофи стратегияи пешоҳангӣ дар олами бизнес бисёр мушкил аст (дар расми 6 фаъолияти эксплеренхоро мо бо зербандҳои лозима қайд намудем). Бояд қайд намуд, ки то натиҷаҳои назаррас ба даст овардан чунин ширкат назар ба ташкилоти тиҷоратӣ, бисёртар ба гурӯҳи мутаассиби ҷавонон шабоҳат дорад. Иқтисодчии амрикоӣ Ҷ.В. Вилсон онҳоро ҳамчун «ширкатҳои беактив, бемаҳсулот, бегардиш ва, бешубҳа, бедаромад» ном мебарад. Баъд аз гузариши деринтизор зарурат ба стратегияи пешоҳангӣ аз байн меравад: дар назди ширкат вазифаҳои муқаррарии нигоҳ доштани ҳиссаи худ дар бозор, беҳтар намудани маҳсулот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ғайра ба миён месоянд.

Хулоса, ҳатто дар ҳолати хуби бобарор (ва фавқулодда) вақте ки эксплерент ҳамаи мушкилиҳоро сипарӣ менамояд ва дар риштаи ташкилнамудаи нави бозор, ки аз ҷониби худи он ба амал омадааст, мавқеъ мегирад: вай стратегияро тағйир дода, ботинан таҷдид мегардад. Яке аз тадқиқотчиён ширкати пешоҳангро беҳуда бо дигар ширкати тавоно муқоиса накардааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар мавқеи умумиҳоҷагӣ мавқеи чунин ширкатҳо калон аст. Баъдтар мо омилеро баррасӣ менамоем, ки мувофиқи он маҳз эксплерентҳо дар сарғаҳи қариб тамоми пешрафтҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёти муосир қарор доранд.

Дар Тоҷикистон эксплерентҳо хеле каманд (воқеан, онҳо дар ҳама ҷо ангуштшуморанд). Аммо дурнамои инкишофи ин намуди ташкилотҳо, ки бо захираҳои илмии худ маъруфанд, дар мамлакат назаррас аст.

Рақобат ба равшан намудани таносуби қувваи ҷонибҳои мутақобил намеорад. Қудратманд ба муқобили нотавон мубориза намебарад - агар ҳамин хел мебуд, ширкатҳои бузурги қудратманд рақибони худро танг карда мебароварданд. Дар амалия муборизаи рақобатнок аз рӯи шакли нисбатан мушкил ташкил меёбад. Ҳар як навъи ташкилоту ширкатҳо бартариҳои худро доранд:
• Қудратмандӣ дар ширкатҳо - виолентҳои бузург;
• Чандирӣ дар ширкатҳои хурд - коммутантҳо;
• Омодагӣ ба равандҳои махсуси бозор дар ширкатҳо - патцентҳо;
• Бартарии ихтирооти аввалин дар эксплерентҳо.

Дар баъзе мавридҳо танҳо яке аз ин сифатҳо бартарии калон медиҳад ва дар дигар шароит бошад, баръакс.

пешина
аз 469
навбатӣ