Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи навъҳои стратегияи дар олами бизнес мавҷударо дар се гурӯҳ муттаҳид намудан мумкин аст:
• ҳамлакунанда ё стратегияи раҳнакунанда;
• ҳимоякунанда ё стратегияи «зинда мондан»;
• стратегияи ихтисорӣ ва ивази навъҳои бизнес.
Ҳар яке аз онҳо вобаста аз шароитҳои мушаххаси фаъолияти ширкат усулҳои зиёдро дороанд. Стратегияи ҳадафҳои зиёддошта низ мавҷуд буда, он ҳар як ҷузъи гурӯҳҳоро дар худ муттаҳид мегардонад.

Маълум аст, ки стратегияи нисбатан ҷолиб стратегияи ҳамлакунанда ё стратегияи раҳнакунанда аст, ки мақсади асосии он ба даст овардани мавқеи муайян дар бозор ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба даст овардани пешсафӣ дар бозори ҷадид ва ё дар соҳаи нав мебошад. Ин навъи стратегия, чун қоида, дар заминаи амалигардонии навовариҳои муайян таҳия шуда, муносибати соҳибкориро пешниҳод месозад. Тарзҳои гуногуни стратегияи мазкур дар таҷрибаи тиҷорати байналмилалӣ хеле зиёданд.

ЯК қисми мутахассисони масоили тиҷорат чор шакли стратегияи соҳибкориро қайд менамоянд:

  1. «пеш аз ҳама, ворид шудан ва зарбаи таъсирбахш задан»;
  2. «зуд ва тасодуфан ҳуҷум намудан»;
  3. Ҷустуҷӯ ва забти «мавқеи экологӣ»;
пешина
аз 469
навбатӣ