Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Расми 3.3. Хелҳои стратегияи базавии ташкилот.
Стратегияи инкишоф ҳамчун усули алтернативӣ ба ҳисоб рафта, дар технологияҳои рушдёбанда ва тезтағйирёбанда истифода бурда мешавад. Роҳбарони ташкилот онро бо мақсади баромадан аз бозори дар сатҳи пасти инкишоф қарордошта ва ҳамзамон зудтар пайдо намудани мавқеи устувори рушд истифода менамоянд. Мавҷуд набудани омили инкишоф ин парешонӣ ва муфлисшавии ташкилотро мефаҳмонад.
Дар стратегияи инкишоф ба имкониятҳои мавҷудаи ҳаҷми бозор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамзамон ҷустуҷӯи имконияти тавсеаи доираи харидорон ба амал меояд. Имкониятҳои тақвияти инкишоф аз мавҷуд будани миқдори лозимии захираҳо вобаста аст.
Стратегияи инкишофи маҳдудро қисми зиёди ташкилотҳо истифода менамоянд. Барои ин усул гузоштани ҳадафҳо аз натиҷаҳои бадастомада ва тибқи омилҳои иловагӣ мукаммалгардида хос аст. Ташкилот аз он сабаб чунин алтернативаро интихоб менамояд, ки вай аз ҳама одӣ ва қулай буда, он қадар хавфнок нест. Агар роҳбарият ҳисоб кунад, ки ҳама чиз хуб ҷараён дорад, тағйиротро намепазирад.
Дар мавриди стратегияи ихтисор сатҳи ҳадафҳои гузошташуда нисбати мақсадҳои ноилгардида пасттар муқаррар мегардад. Тарзҳои асосии ин стратегия инҳоянд:
• барҳамдиҳӣ - фурӯши пурраи захираҳои моддӣ ва активҳои ташкилот;
• қатъ намудани чизҳои нодаркор, бо сабабҳои гуногун қатъи фаъолияти баъзе аз зерсохторҳо ё навъҳои фаъолият;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё