Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
дарозмуддат пешбинӣ гардидаанд. Чор гурӯҳи гуногуни чунин принсипҳо (қоидаҳо)-ро ҷудо менамоянд:
- Қоидаҳо, ки ҳангоми баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти ширкат дар вақти ҳозира ва дар оянда истифода мешаванд. Нишондиҳандаи сифатноки баҳогузориро тамоюл ва муҳтавои миқдории онро вазифа меноманд.
- Қоидаҳо, ки аз рӯи онҳо муносибати ширкат бо муҳити беруна муайян карда мешаванд, дар мисоли кадом намуди маҳсулотро истеҳсол ва кадом технологияро истифода менамояд, ба куҷо ва ба кӣ онҳоро мефурӯшад, бо кадом роҳ нисбати рақибони худ афзалият пайдо менамояд. Ин маҷмӯи қоидаҳоро стратегияи бозор ё стратегияи тиҷорат меноманд.
- Қоидаҳо, ки ба воситаи онҳо муносибат ва протседураҳои дохили ширкат муайян карда мешаванд. Онҳоро баъзан концепсияи хусусияти ташкилидошта низ меноманд.
- Қоидаҳо, ки мувофиқи он ширкат фаъолияти ҳаррӯзаи худро пеш мебарад ва онҳо усулҳои асосии оперативӣ номида мешаванд.
Игорь Ансофф «Идоракунии стратегӣ»
Ба стратегия омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
• Хусусияти маҳсулоти истеҳсолшуда, махсусиятҳои фурӯши он, хизматрасонии баъд аз фурӯш, бозор ва сарҳадҳои он;
• Омилҳои хусусияти ташкилидошта (сохтори дохилии ширкат ва тағйироти таҳминкарда, сохтори идоракунӣ, дараҷаи ҳамгироӣ ва дифференсатсияи равандҳои дохилӣ);
• Захираҳои дар ихтиёрбуда (моддӣ, молиявӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ, кадрӣ ва ғайра). Ҳар қадаре ки онҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар ҳаҷми сармоягузорӣ дар лоиҳаи оянда афзун мегардад. Муқоисаи мафҳумҳои нишондиҳандаи захираҳои мавҷуда ва захираҳои талабшаванда барои муайян намудани дараҷа ва мувофиқати онҳоро бо стратегия нишон медиҳад;
• Бартариҳои рақобатнок (ҳиссаи назарраси бозор, сифати баланд ва дараҷаи техникии маҳсулот ва хизматрасониҳо, мутобиқати онҳо бо талаботи ҷомеа, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, доштани маълумоти муҳими маркетинг, касбияти баланди менеҷерону кормандон ва ғайра).
Ҳама намуди бартариҳои рақобатнок ба стратегия таъсири зиёд мерасонанд, зеро онҳо истифодаи муносиби захираҳои ширкатро таъмин месозанд. Вақте дер ё зуд онҳо дар зери фишори рақобаткунандагон аз байн мераванд, аз ин лиҳоз зарурати ҷустуҷӯи захираҳои нав ба вуҷуд меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё