Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шумо чӣ андеша доред, барои чӣ дар ширкат бояд стратегияи дар коғаз навишташуда мавҷуд бошад?

Бисёр вақт роҳбари ташкилот стратегияро дар фикри худ нигоҳ медорад, баъзан он дар фикри ҳатто менеҷерҳои беҳтарини ширкат маҳфуз аст. Аксаран он дар шакли парешон мавҷуд аст. Роҳбар баъзан қарорро дар заминаи эҳсосот қабул мекунад.

Ба саволи «ба ташкилот стратегия барои чӣ лозим аст?» якчанд ҷавоб мавҷуд аст:

Аввалан, он нуқтаи назарро нисбати инкишофи стратегияи бизнес ба ҳайси соҳиби он ва кормандони асосӣ мувофиқат менамояд. Агар соҳибони тиҷорат якчанд нафар бошанд, пас барои дарёфти фаҳмиши умумӣ нисбати инкишофи тиҷорат стратегия кумак мерасонад.

Дуюм, мавҷуд будани стратегия самтҳои афзалиятноки тиҷорат ва фаъолияти онро ҷо ба ҷо мегузорад.

Сеюм, ташкилот он самти тиҷоратеро муайян месозад, ки ба он самт маблағгузорӣ намуда, аз он даромади нисбатан зиёд гирад.

Чорум, стратегияи дуруст таҳияшуда барои тартиб додани протседураҳои зарурӣ ва ба назаргирии ҷараёнҳои тиҷорат дар ширкат заминаи асосӣ мебошад.

Панҷум, вай масъулиятро нисбати сатҳи поёни идоракунӣ таъмин намуда, ҳамин тариқ, идоракунии оперативюро то андозае поён мебарад ва бо ин васила барои татбиқи вазифаҳои стратегӣ ба роҳбарон вақти зиёдтарро муҳайё созад.

Шашум, стратегия барои ташкили сохтори самараноки ташкилот имконият фароҳам оварда, дар зиёд намудани зерсохторҳои дуюмдараҷа монеъ мешавад.

Ҳафтум, мавқеи ширкат бо стратегияи таҳияшуда дар бозор ҳам барои сармоягузорон, ҳам барои шарикони тиҷорат, инчунин барои кормандон низ ҷолибтар аст.

Ҳамчунин маҳдудиятҳо ба хароҷоти ташкили банақшагирӣ ва татбиқи стратегия, аз он ҷумла таҳқиқоти бозор ва татбиқи тағйироти стратегӣ вобастагӣ дорад. Мусаллам аст, ки маблағҳои иловагиро он вақт истифода бурдан лозим аст, ки агар онҳо самаранокии мусбии иловагӣ биёранд. Вале мушкилӣ дар он аст, ки натиҷаҳои аз коркарди стратегия ба дастомадаро на ҳамеша миқдоран чен карда мешавад.

Ҳама намуди стратегия дар худ принсипҳои умумиро доранд, ки дар асоси онҳо менеҷерон метавонанд қарорҳои муштарак қабул намоянд ва онҳо барои ҳамоҳангсозӣ ва ноилшавӣ ба мақсадҳо дар марҳилаи

пешина
аз 469
навбатӣ