Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Махсусиятҳои стратегия ва талабот нисбати он
И. Ансофф махсусиятҳои фарқкунандаи стратегияро дар китоби худ бо номи «Идоракунии стратегӣ» чунин шарҳ додааст:
-
Ҷараёни кории стратегия бо ягон намуди фаъолияти фаврӣ ба анҷом намерасад. Одатан он бо дарназардошти муқаррар намудани самтҳои умумии рушд ва таҳкими мавқеи ширкат ба анҷом мерасад;
-
Стратегияи ташаккулёфта бояд барои таҳияи лоиҳаҳои стратегӣ бо усули ҷустуҷӯ намудан истифода карда шавад. Мавқеи стратегия дар ҷустуҷӯ ба он нигаронида шудааст, ки ба минтақаҳои муайян ва имкониятҳои муайян диққати махсус додан даркор ва дуюм, имкониятҳои боқимондаи дигарро бо сабаби номувофиқатии онҳо аз стратегия дур намудан лозим аст;
-
Дар ҳолате ки ҷараёни ҳақиқии кор ташкилотро ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардонад, зарурати стратегия аз байн меравад;
-
Дар раванди ташаккули стратегия имкониятҳои онро, ки ҳангоми таҳияи чорабиниҳои мушаххас кушода мешаванд, пешгӯӣ карда намешавад. Бинобар ин, лозим аст, ки аз маълумоти паҳнгардидаи нопурраю нодақиқ оид ба алтернативаҳои гуногун истифода бояд намуд;
-
Дар ҷараёни ҷустуҷӯ ҳолатҳои алтернативии мушаххас пайдо мегарданд ва дар ин вақт маълумоти дақиқро дарёфтан мумкин аст. Вале вай метавонад асоснокии интихоби ибтидоии стратегияро зери шубҳа гузорад, аз ин рӯ, истифодаи бобарори стратегия бе алоқаи мутақобила ғайриимкон аст;
-
Бо сабаби он ки барои интихоби лоиҳаҳо ҳам стратегия ва ҳам тамоюлҳо истифода мешаванд, ба назар чунин менамояд, ки онҳо як мафҳум бошанд. Аммо дар асл онҳо чизҳои гуногунанд. Тамоюл дар аз мақсад иборат буда, ширкат ба он мекушад, стратегия бошад, воситаи ноил гардидан ба мақсадҳо мебошад. Тамоюлҳо ин сатҳи баланди қабули қарорҳо ба шумори мераванд. Стратегияе, ки барои як маҷмӯи тамоюлҳо боваринок амалӣ мешавад, дар сурати тағйир ёфтани тамоюли ташкилот метавонад дигаргун шавад;
-
Ниҳоят, стратегия ва тамоюлҳо ҳам дар сатҳи ҷудогона ва ҳам дар сатҳи гуногуни ташкилӣ ба ҳамдигар алоқаманданд. Баъзе аз нишондодҳои самаранокӣ (масалан, ҳиссаи бозор) дар як ҳолат барои тамоюли ширкат, дар ҳолати дигар бошад, ба стратегияи он хизмат мерасонанд. Азбаски тамоюлҳо ва стратегия дар дохили ташкилот танзим мегарданд, иерархияи муқаррарӣ ба амал меояд: чизе, ки дар сатҳи баланди идоракунӣ мавҷуд аст, ҷузъҳои стратегия, дар қисми поёнӣ бошад, он тамоюл ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё