Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БА ХОТИРАИ ДУРАХШОНИ ПАДАРАМ
Бозоров Шариф – олими намоёни иқтисод
ва инсони шариф бахшида мешавад.

САРСУХАН
Сарсухан қисми аз ҳама муҳими китоб аст,
ҳатто муқарризон пешгуфторро мехонанд.
Филип Гедалла

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар охири асри ХХ ва оғози ҳазорсолаи сеюм хусусиятҳои навро касб намуд, ки гузаришро ба марҳилаи баъдисаноатӣ (постиндустриалӣ) муайян месозад. Ноустувории муҳит ва тағйирёбии он зиёд гашт, тараққиёти нобаробари иқтисод ва глобализатсияи мушкилот амиқтар шуд, талаботи рӯзафзун ба сифати ҳаёт ва муборизаи рақобатнок шиддат гирифт, ки аз тарафи мамлакатҳои тараққикарда истифодаи усулҳои менеҷменти стратегиро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва бахши ғайритиҷоратӣ муайян сохт.

Чунин ҳолати проблемавӣ барои Тоҷикистон моҳияти хосса дорад.
Соҳибкории ватанӣ дар шароити бозоргонӣ беш аз 20 сол мавҷуд аст, ки нисбати таҷрибаи садҳосолаи Ғарб ночиз аст. Вале дар ин солҳо ҳам, мо болоравӣ ва таназзули бисёр субъектҳои тиҷорати калонро шоҳид шудем. Ягон сохтори тиҷоратии бузургро номбар кардан душвор аст, ки дар ин давра рушд ёфта, мавқеи пешравии худро дар бозор устувор нигоҳ дошта бошад. Яке аз сабабҳои асосӣ - ин ноустувории шароити фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки нисбати баъзе кишварҳои мутараққӣ ва дигар давлатҳои бо иқтисодиёти гузариш баланд мебошад. Бо болоравии ноустуворӣ ва тақвият ёфтани номуайянии омилҳои муҳити беруна талабот ба менеҷменти стратегӣ ба маротиб меафзояд. Дар китоби дарсии мазкур мо ба омӯзиши менеҷменти стратегӣ – яке аз дастовардҳои бузурги афкори инсонӣ шурӯъ мекунем.

Менеҷменти стратегӣ дар худ қисми органикии низоми идоракунии корхонаро дар шакли умум ташкил медиҳад. Ҷавҳари асосии
менеҷменти стратегии муосир - ин стратегияи корхона ба шумор меравад, яъне низоми стратегияҳои ба ҳам алоқаманд чун стратегияҳои
мушаххаси маркетингӣ, соҳибкорӣ ва функционалиро дар бар мегирад. Стратегияи дуруст интихобкарда яке аз натиҷаҳои муҳим ва
самарабахши механизми менеҷменти стратегӣ маҳсуб меёбад, зеро
он тамоми иқтидори корхонаро ҳадафрас ва ба самтҳои муайян сафарбар

пешина
аз 469
навбатӣ