Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
Назари махсуси стратегии дурнамои СРМ, ки дар доираи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 кӯшиши амалишавии он ба миён омада буд ва тамоюли стратегии он барои ташаккули табақаи миёна равона гардидааст, барои мо низ зарурати воқеӣ мебошад.
Менеҷменти стратегӣ бо тарзҳо ва ғояҳои нав мунтазам тақвият меёбад, аз ин лиҳоз зарур аст, ки донишҷӯён, роҳбарон ва менеҷерҳоро на танҳо бо дастовардҳои назарияи маъмулӣ ва тарзҳои менеҷменти стратегӣ шинос намоем, балки бо назардошти дурнамои Тоҷикистон самтҳои густариши онро муаррифӣ созем. Дар ин кор, китоби мазкур метавонад мавқеи муҳим дошта бошад.
Китоб аз он ҷиҳат пурарзиш аст, ки дар баробари пешниҳоди мавзӯъҳои калидии менеҷменти стратегӣ, махсусиятҳои соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёти Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Боби алоҳидаи «Таҷрибаи менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон» ба омилҳои минтақавии менеҷменти стратегӣ бахшида шудааст. Дар 4 мавзӯи ин боб на танҳо дурнамои моделе стратегияҳо дар тиҷорат, балки нисбати идоракунии давлатӣ дар сатҳи минтақавӣ ва махсусиятҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ низ муайян шудаанд.
Дурнамои инкишофи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон талаб менамояд, ки ба сифати тайёр намудани идоракунандагон - менеҷерҳои сатҳи болоӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, аз онҳо талаботи қатъии тахассусӣ талаб карда шавад.
Боварӣ дорем, ки дар шароити ояндаи глобализатсия ва ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо менеҷерҳои ояндаи дорои тахассусҳои мукаммал, имконият пайдо мекунанд, ки принсипҳои иқтисоди инноватсионӣ иқтисодии донишро амалӣ намуда, барои қабули қарорҳои ҷиддии стратегӣ ва ташаккули бомайлони маданияти корпоративӣ вусъат бахшанд.
Шариф Раҳимзода,
Вазири рушди иқтисод ва савдои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё