Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бюрократияи мошинӣ (Machine bureaucracy) — яке аз панҷ сохтори гуногуне мебошад, ки аз ҷониби Ҳенри Минсберг нишон дода шудааст ва ҳамчун механизми танзимкунандаи ҳамаҷониба фаъолият менамояд. Ба ташкилотҳое мансуб аст, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо табиати карахтуда дошта, бо содагӣ ва такроршавандагии худ фарқ менамоянд. Бюрократияи мошинӣ аз мутахассисони ҳокимияти начандон калондошта иборат аст, зеро ки онҳо фаъолияти ҳамаи боқимондаҳоро танзим менамоянд.

Дар нимароҳ мондашуда «ботлок» (Stuck in the middle) — ширкатҳое, ки натавонистанд стратегияи худро ба яке аз роҳҳо (пешсафӣ нисбати кам намудани хароҷот, тафриқавӣ, фокусӣ) равона намоянд ва дар сатҳи мобайн дармондаанд. Саҳми онҳо дар бозор нокифоя буда, норасоии маблағгузориро аз сар мегузаронанд. Ба чунин ширкатҳо меъёри пасти гирифтани даромад хос аст.

Дарахти қарорҳо (Замини қарорҳо) (Decision tree) — тасаввуроти схематикии ҷараёни мураккаби қабули қарорҳои марбута дар асоси таҳлили алтернативӣ мебошад.

Дарахти мақсадҳо (Замини мақсадҳо) (Objective tree) — сохтори шабеҳ ба дарахти шоҳадорест, ки ҷудо намудани мақсадҳоро аз рӯи зинаи поёнравӣ нишон медиҳад. Дар заминаи ин дарахти мақсадҳо таҷдиди ҳар як нуқтаи баландӣ ва мувофиқаи байниҳамдигарии мақсадҳо ниҳон аст.

Диверсификатсия (Diversification) — ҷараёни воридшавии ширкат ба дигар соҳаҳои истеҳсолот. Стратегияи диверсификатсия барои он истифода мешавад, ки ташкилот ва ё ширкат аз як хоҷагии стратегии истеҳсолӣ вобастагии зиёд пайдо накунад.

Диверсификатсияи ихтисосӣ (диверсификатсияи алоқаманд, диверсифи- катсия дар соҳаҳои ба ҳам наздик) (Related diversification) — шакли ди- версификатсияест, ки дар он ширкат самтҳои фаъолияти худро васеъ мегардонад. Дар муқобили диверсификатсияи ихтисосӣ диверсификатсияи ғайриихтисосӣ (ғайриалоқаманд, диверсификатсия дар соҳаҳои нав) амал менамояд.

Занҷираи арзишҳо (Valuechain) — мафҳумест, ки аз ҷониби М. Портер амалӣ гардидааст ва дар доираи системаи арзишҳо баррасӣ карда мешавад. Занҷираи арзишҳо воситаи баҳодиҳии стратегии алоқаи байни шаклҳои фаъолияти дар дохили ширкат ва дар беруни он амалишаванда ба шумор рафта, арзиши иловашударо ба маҳсулот инъикос менамояд. Ин ҷараёнро қадам ба қадам таҳқиқ намуда, метавон муайян намуд, ки дар куҷо ширкат рақобатпазир ва дар кадом ҳолат заиф аст.

пешина
аз 469
навбатӣ