Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ЛУҒАТИ ТАФСИРИ

Адхократия (Adhocracy) — яке аз панҷ намуди сохтори ташкилии гуногуни ташкилот мебошад, ки аз ҷониби Ҳенри Минсберг нишон дода шудааст; сохтори сатҳи пастдоштаи рафтори расмӣ ва сатҳи баланди тахассуси уфуқии фаъолият.

Бартариҳои рақобатнок (Competitive advantage) — сатҳи баланди масъулиятнокии ташкилот дар ин ё он соҳааст, ки барои ширкат назар ба дигар ширкатҳо имконияти зиёди ҷалб ва нигоҳдории истеъмолкунандагонро таъмин месозад.

Бенчмаркинг (Benchmarking) — муносибати нав ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти зарурӣ барои таҳияи стратегияи монанд. Мақсади муносибати мазкур аз омӯзиши дигарон ва омӯхтани онҳо иборат аст. Ин маънои онро дорад, ки дар ҷараёни тадқиқот аз таҷрибаи ширкатҳои дигар барои беҳтар намудани самтҳои фаъолият ва баланд бардоштани самаранокии истифода намудан лозим аст.

Бизнес (Business) — кор ё шугл, ки даромад меорад, фаъолияти тиҷоратӣ ё соҳибкорӣ, навъи фаъолият, самтҳои фаъолияти ташкилот. Бизнес ин корбарии фаъоли ба самти иҷрои вазифаҳо равонагардида мебошад, ки ба амалӣ намудани муомилот дар бозор ва истифодаи усулҳои мушаххаси таҷриба ва рақобатнокӣ алоқаманд аст. Дар бизнес субъект ҳамчун тоҷир ё соҳибкор арзёбӣ мегардад.

Бозӣ бо ҷамъи сифр (Azero-game sum) — қисми амалии бозии математикӣ мебошад. Асоси ин бозӣ дар он аст, ки бурди як иштирокчии он ба бохти иштирокчии дигари он баробар аст.

Бозор (Market) — дар идоракунии стратегӣ маҷмӯи фурӯшандагони мавҷуда ва харидорони маҳсулот мебошад. Бозорро ҳамчун институти ҷамъиятӣ метавон муайян намуд, ки харидору фурӯшандагонро барои амалӣ намудани муомилоти онҳо якҷоя менамояд.

Буҷакунонӣ (Budgeting) — таҳияи нақшаи молиявӣ ва баҳодиҳии оқибатҳои молиявии стратегияи интихобгардида мебошад.

Бюрократияи касбӣ (Professional bureaucracy) — яке аз панҷ навъи сохторҳои гуногун мебошад, ки аз ҷониби Ҳенри Минсберг нишон дода шудааст. Сохтори мазкур бюрократӣ буда, мутамарказ нест. Чунин ташкилотҳо хусусияти устувори кории фавриро, ки мувозинати рафторро тақвият медиҳад, дороянд. Дар як вақт онҳо бисёр мураккаб буда, бояд зери назорати бевосита қарор дошта бошанд. Дар ин робита бюрократияи касбӣ механизми ҳамоҳангсозиро истифода менамояд, ки якбора ҳам стандартизатсия ва ҳам ғайримутамарказиро дар бар мегирад.

пешина
аз 469
навбатӣ