Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Барои назорати буҷавию молиявӣ, ки баъд аз вазъияти ба амаломада амалӣ гардид, хусусиятҳои зерин хосанд:
• самти дохилии маълумоти ҳисоботӣ ва нақшавӣ;
• набудани низоми иттилоотӣ оид ба шароитҳои берунаи фаъолияти ташкилот.
Буҷакунонӣ ва назорат ҳамчун вазифаи идоракунӣ дар чораки аввали асри XX фаъолона коркард ва такмил дода шуда, дар тараққиёти он мактабҳои менеҷменти илмӣ саҳми муҳим гузоштанд. Шарти асосии ин марҳилаи менеҷменти стратегӣ бо устувории муҳити дохилӣ ва берунаи ташкилот: шароити фаъолияти ширкат (технологияҳо, рақобат, дараҷаи дастрасӣ ба захираҳо, сатҳи тахассусии ҳайати кормандон ва ғайра) вобаста буда, дар оянда қатъиян тағйир намеёбанд. ТаАССУРОТИ тағйироти шартҳои ибтидой табиӣ буда, табдилдиҳӣ ҳамчун монеа ҳисоб мешуд, ки бартараф намудани он дар асоси таҷрибаҳои гузашта сурат мегирад.
Коршиноси назариявии нисбатан маъмули ин давра - Алфред Чандлер аввалин маротиба давраҳои ҳаётии ташкилотҳои калонтарини саноатии Амрикоро таҳлил намуда, чор давраи рушди онро ҷудо намуд:
• давраи афзоиш ва ё экспансияи бозор, зиёдшавии воҳиди корӣ, афзоиши фурӯш;
• давраи мубориза барои самаранокӣ, яъне пастшавии хароҷот, дурусткунии равандҳои истеҳсолоти ташаккулёфта;
• давраи диверсификатсия: васеъкунии сандуқи тиҷорат аз ҳисоби пасткунии самти асосии даромаднокӣ ва гузариш ба соҳаҳои дигар;
• интиҳоӣ - ин давраи дивизионализатсия мебошад.
Ба ҳайси мисол ширкати «Дюпон» (Dupont) буда метавонад, ки аввалин шуда дар сохтор стратегияи воҳиди тиҷоратпо ворид намуд. Дар давраи соҳибкорӣ назари нисбатан паҳншуда дар менеҷменти стратегӣ дар он аст, ки стратегия - ин воситаи беҳамкои маҳорати роҳбарияти олӣ ба шумор меравад ва он ҳамчун равшанидиҳанда аст.
Буҷакунонӣ ва назорат то ҳол усули муҳимтарини идоракунӣ мебошанд, ки дар замони имрӯза соҳаи истифодаи бомуваффақияти он аниқ муайян гардида, он чун масъалаҳои «дурушт» бо муайянӣ, воситаҳои ҳалли онҳо, миқдори зарурии захираҳо; истифодаи усулҳои маълуми комёбшавӣ ба мақсадҳо ва доираи муайяни муҳлат тавсиф карда мешаванд.
Ҳамин тавр, дар шароити босуръати тағйирот чунин намуди идоракунӣ қобили қабул набуда, барои ташкили ногузириҳои тағйирот ва коркарди стратегияи наву мутобиқкунии сохтор вақти зиёдро талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё