Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
-
Афзудани вазифаҳо дар баробари тавсеаи доираи ҷуғрофии фаъолияти иқтисодиёти миллӣ ба мураккабшавии минбаъдаи масъалаҳои
идоракунӣ оварда расонд; -
Вақте ки маҷмӯи малакаи идоракунӣ дар нимаи аввали аср таҳия
шуда буд, ба шартҳои вазифаҳои дар пешгузошташуда мувофиқати
камтар доштанд, мавқеи зинаи олии идоракунӣ афзуд; -
Ноустувории муҳити беруна пуршиддат гашт, ки эҳтимолияти ба вуҷуд омадани тағйироти ногаҳонии стратегӣ ва пешгӯии онҳоро баланд намуд.
Махсусан, истифодаи чандирии идоракунӣ муҳим гардид, ки мутобиқшавии ташкилотро ба табаддулоти босуръати муҳити атроф таъмин мекард. Новобаста аз идоракунии стратегии рушди ташкилот дарки саривақтии тағйироти бавуҷудомада ба амал меомад.
2.2. ДАВРАҲОИ РУШДИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
Масъалаи таҳаввулоти менеҷменти стратегӣ дар давраҳои охири асри XIX ва ибтидои асри XXI бояд аз рӯи раванди муносибатҳои таърихӣ ва услубӣ дида шаванд.
Заминаи таърихии барқароршавии менеҷменти стратегӣ, ки марҳилаи пешакиро ташкил менамояд, стратегияи ҳарбӣ ба шумор меравад. Давраи мазкур аз асри 5-ум то давраи мо оғоз гашта, то солҳои 50-уми асри ХХ давом ёфтааст. Намояндагони асосии он давра Сун Тсзи ва Карл фон Клаузевитс буданд. Корҳои онҳо то ба имрӯз китобҳои рӯимузии лашкаркашон-генералон ва сарчашмаи ақидаҳои муфид барои роҳбарияти олии бизнес-сохторҳо мебошанд.
Ташаккули менеҷменти стратегӣ ҳамчун соҳаи мустақилонаи тадқиқот ва идоракунии таҷриба чор давраро аз сар гузаронидааст:
- Буҷакунонӣ ва назорат; 2. Банақшагирии дарозмуддат; 3. Банақшагирии стратегӣ; 4. Менеҷменти стратегӣ.
Буҷакунонӣ
Давраи аввал (солҳои 1900-1950) — идоракунӣ дар асоси буҷакунонӣ ва назорат.
Буҷакунонӣ ва назорат бо роҳи ворид намудани ислоҳот ба ҳаҷм ва сохтори даромадҳо/хароҷот, ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот бо дарназардошти тағйироти вазъи бозор амалӣ мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё