Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT

Миссияи хуб таҳияшудаи ташкилот доимо оид ба зарурати ҷустуҷӯи на танҳо «мизоҷҳо», балки нишондиҳандаҳои самараноки берун аз ҳудуди ташкилот водор менамояд. TFT майл ба худталқинкунӣ ва ивазкунии натиҷаҳои ҳақиқӣ ба «баённомаи мақсадҳо» дорад. Бинобар ин, роҳбарони дурандеши TFT ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки тағйироти берунаи ташкилотро ҳамчун «натиҷаҳо»-и фаъолият аниқ муайян карда, кӯшишҳои худро барои комёбшавии ин натиҷаҳо равона созанд.

American Red Cross Миссияи мо - беҳтаркунии шароити зисти одамон, ғамхорӣ барои одамон, кумак барои худдорӣ аз вазъиятҳои ногувор ва аз уҳдаи онҳо баромадан аст.

Public Service Company of New Mexico Миссияи мо - кор ба манфиати одамон аст. Мо ба фармоишгарони худ бо мақсади беҳтар қонеъгардонии эҳтиёҷоти онҳо хизматрасониҳоро дар соҳаи барқ ва иттилоот дар бораи энергетика мерасонем.

Дар натиҷа, вақте ки даҳ сол пеш барои васеъкунии ҳаҷми табобати амбулаторӣ аз ҳисоби статсионарӣ (асосан бо сабабҳои тиббӣ, на танҳо иқтисодӣ) ислоҳот гузаронида мешуд, бемористонҳои католикӣ ба навовариҳо эътироз накарда, онро дастгирӣ намуданд. Марказҳои ҷарроҳии амбулаторӣ, марказҳои тиббии эҳёгӣ, шабакаи лабораторияҳои тиббӣ ва утоқҳои аксбардории рентгенӣ, ташкилотҳо доир ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра ташкил шуданд. Шиори шабакаи бемористонҳо чунин буд: «Агар ин барои бемор лозим бошад, мо бояд кумак намоем. Ин кори мо муваффақшавӣ ба хароҷотбаророии низоми нав аст». Ба туфайли чунин сиёсат шумораи ташрифи беморон афзуд.
Бемористонҳои католикӣ машҳур гашта, ҷараёни ташрифи беморон қатъ намегардад.

Ин стратегияи маркетингии ширкатҳои пешрафтаи Ҷопонро ба хотир оварда, ба куллӣ аз навъи тафаккур ва амалиёт, ки барои ташкилотҳои ғарбӣ хосанд, фарқ мекунад. Фарқият дар он аст, ки роҳибони католикӣ ва соҳибкорони ҷопонӣ фаъолияти худро на аз ҳалли масъалаҳои даромаднокӣ, балки аз таҳияи миссия оғоз менамоянд. Онҳо аввалан натиҷаҳои муҳити берунаи ташкилот, бозор ва аз ҳисоби он гирифтани даромадро муайян мекунанд.

Ниҳоят, миссияи муайян таҳияшуда барои пайдошавии ақидаҳои навоварӣ мусоидат намуда, сабаби татбиқи ин ақидаҳоро, ҳатто агар онҳо ба анъанаҳои мавҷуда мухолифат намоянд ҳам, ба дигарон мефаҳмонанд.

пешина
аз 469
навбатӣ