Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ки танҳо чоряки ТҒТ-и ба таври расмӣ бақайдгирифташуда фаъол буда, ҳиссаи дахуми ташкилотҳо бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, аксарияти онҳо воситаҳои кофӣ (қариб 30%-и ТҒТ буҷаи сифрӣ доранд ва эҳтимолан барҳам мехӯранд) надоранд, бинобар ин, бештари ТҒТ дар муддати ду соли аввал пароканда мешаванд.
Ба сабабҳое, ки натиҷагирии пасти ТҒТ-ро асоснок мегардонанд, ҳисобгирии нокифояи тағйирёбии талаботи муҳити беруна; сатҳи пасти донишҳои касбии роҳбарияти ТҒТ, мавҷуд набудани муносибати илмии идоракунӣ; мавҷуд набудани муттаҳидии аъзоёни ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои комёбшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда; мавҷуд набудани барномаҳои муайяни фаъолият; дарк накардани зарурати ҳаётии танзими муносибатҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ дохил мешаванд. Бинобар ин, мукаммалгардонии идоракунии ТҒТ (бартараф намудани номувофиқии низоми идоракунӣ ба шароитҳои нав) бояд комёбшавии сатҳи идоракунии зеринро ифода намояд:
• дар шароити муосири муносибатҳои бозорӣ тавсифи ноустуворӣ
ва номуайянии баланди муҳити беруна, шиддатнокии рақобат, пуршиддати равандҳои ҳамгироӣ, мураккабии раванди иттилоотӣ ва
беимкониятӣ ба дараҷаи кофии пешгӯии муайяни равандҳои дарозмуддат нисбатан қобили қабул мегардад;
• имконияти мутобиқати пурра ба тавсияҳои илмии охирин;
• мувофиқат ба комёбшавии умумиҷоҳинии мақсадҳои ғайримоддии низоми ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки хусусиятҳои ғайримоддӣ доранд.
Миссия ва стратегияи ташкилот
Беҳтарин ташкилотҳои тиҷоратӣ диққати асосиро ба таҳияи миссияи худ равона мекунанд. Бинобар ин, кӯшиш менамоянд, ки аз ибораҳои умумӣ, номуайян ва нолозим худдорӣ намоянд. Ба ҷои ин ба мақсадҳое, ки ба сифати роҳнамои возеҳу равшани фаъолият хизмат мекунанд, равона месозанд.
Ба муассисаҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки айнан таҳияи миссияро оид ба фаъолияти ташкилот аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ омӯзанд. Чунин муносибат ташкилотро маҷбур месозад, ки ба амалиёт эътибор диҳад. Он стратегияҳои аниқе, ки комёбшавии мақсадҳои асосиро талаб мекунанд, муайян буда, ҳамчун танзимкунанда мебошанд. Танҳо миссияи ба тартиб таҳияшуда метавонад захираҳоро ба самтҳои ҳақиқатан муҳим равона созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор