Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• муайян намудани таҳдидҳои беруна ва имкониятҳои муносибат ба ташкилоти мазкур, тарафҳои пуркувват ва заифи он (бо истифода аз SWOT-таҳлил );
• муайян намудани бартариҳои асосии рақобатнокӣ (бо истифода аз таҳлилҳои соҳавӣ ва рақобатӣ) дар мутаносибӣ бо омилҳои асосии муваффақият, барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва фаъолияти оинномавии мазкур умумӣ (масалан, тиббӣ, маърифатӣ, илмӣ ва ғайра) ва алоқаманд барои фаъолияти соҳибкории TFT;
• таҳияи барномаи фаъолияти самараноку мувофиқ ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии TFT-и мазкур.
Ҳангоми коркарди стратегия истифодаи ҳатмии асосҳои принципиалии идоракунии илмӣ талаб карда мешавад, дар навбати аввал муносибати системавӣ, яъне ташкилот ҳамчун системаи васеи ба муҳити беруна алоқаманд зоҳир мегардад ва мавқеи асосӣ ба идоракунӣ равона шуда, мувозинати баробарӣ ва мутобиқати се раванди асосии ташкилот, аз он ҷумла гирифтани захираҳо аз муҳити беруна, тағйирдиҳии захираҳо ба маҳсулот (хизматрасониҳо), фурӯши маҳсулот (хизматрасониҳо), муносибат ба муҳити беруна ва вазъият, имконияти ба инобат гирифтани хусусиятҳои вазъиятро дар лаҳзаи муайян нигоҳ медорад.
Таъмини татбиқ кардани стратегияи мувофиқи рушди TFT коркард ва иҷроиши чорабиниҳои тактикӣ (ба муҳлати то 1 сол) дар асоси истифодаи асосҳои умумии илмӣ ва мутобиқати усулҳои он барои ташкили самараноки идоракунии TFT аз ҷониби зерсохторҳои иҷроияи идоракунандаи TFT пешбинӣ мегардад. Бинобар ин, функцияҳои банақшагирии идоракунии ташкили сохтори идоракунӣ, ҳавасмандӣ ба меҳнат, назорат дар доираи ваколати ташкилотҳои олӣ ва идоракунӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ инъикос шудаанд, иҷро мегарданд. Раванди алоқаҳо дар дохили ташкилот ва хусусан беруни он дар натиҷаи тағйирёбии талабот, пуришиддат гаштани алоқаи мутақобила, тағйир ёфтани тамоюл ба таъсироти фаъол нисбат ба тағйироти муҳити беруна, истифодаи PR, таъсири фаъол ва мулоҳизакорона бо ВАО, ҷустуҷӯи шарикони рушд, таҳияи мулоҳизаҳои ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳалталаб ва ғайра ба вуҷуд меоянд.
Натиҷаи истифодаи идоракунии стратегӣ бояд қарори идоракунӣ бошад, ки ба талаботи нисбатан ҷиддии мувофиқати ҳатмии талаботи муҳити беруна бо дарназардошти таҷрибаҳои пешқадами хориҷиву ватанӣ ва комёбиҳо ба мақсадҳои TFT бояд муносиб бошад.
Бинобар ин, корҳои идоракунӣ доир ба муайян ва татбиқи стратегия истисно набуда, бештар қоида ба шумор мераванд. Фаъолияти таҳия ва татбиқи стратегия амалан ба ягон кори идоракунӣ дахл менамояд. Идоракунии стратегӣ асоси идоракунӣ буда, танҳо коре нест, ки сатҳҳои олии идоракунанда бо он машғул бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор