Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ

Дар ҳама ҳолатҳо идоракунии самараноки ТҒТ дар шароити муосири бозоргонӣ бояд дар шакли идоракунии стратегии илмӣ пешниҳод карда шавад ва дар асоси зарурати ба назар гирифтани хусусиятҳои муҳити беруна, ки дар оянда давраҳои минбаъдаи идоракунии стратегиро нигоҳ медоранд, муайян гардад.

Қайд кардан лозим аст, ки механизми идоракунии ТҒТ дар шароити муосир бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян шуда, бо тағйирдиҳии яктарафаи тартиби роҳбарии ТҒТ амалӣ намегардад. Ин ба Қонуни ФР «Доир ба ташкилотҳои ғайритичорагӣ» ва дигар қонунҳои федералӣ, сохтори ташкилотҳои идоракунанда, тартиби ташаккули онҳо (таъйин ва ё интихоб), муҳлати ваколат, салоҳият ва тартиби қабули қарор, баромаД аз номи ташкилоти ғайритичорагӣ; хусусан асосҳои идоракунии ташкилотҳои ғайритичорагӣ, тавсифи мақомоти олии идоракунандаи ТҒТ, муайянкунии мақомоти иҷроияи ташкилотҳои ғайритичорагӣ ва ғайраҳо алоқаманд мебошад.

Бинобар ин, такмили низоми идоракунии ТҒТ дар асоси истифодаи стратегияи идоракунии илмӣ бояд бе тағйири механизми амалкунандаи низоми идоракунии ТҒТ амал намояд, тағйирдиҳии тамоюли он (аз дохилӣ ба беруна), яъне табдил додани нуктаи назари роҳбарият нисбат ба истеъмолкунандагон, рақибон, бозор ва ғайра (дар мутаносибӣ бо консепсияи муосир), тағйирдиҳии мавқеъ ба идоракунии ташкилотро (аз содаву беихтиёрона ба илмӣ) мефаҳмонад.

Амалан ба ташкилотҳои олии идоракунанда қабули қарор оид ба масъалаҳои зерин вогузор карда мешавад: тағйирдиҳии оинномаи ташкилотҳои ғайритичорагӣ; муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилотҳои ғайритичорагӣ, ташаккули принсипҳо ва истифодаи бартариҳои он; ташкили зерсохторҳои иҷроияи ташкилотҳои ғайритичорагӣ ва қатъ намудани ваколатҳои онҳо; тасдиқи ҳисоботи солона ва тавозуни солона; тасдиқи нақшаи молиявии ташкилотҳои ғайритичорагӣ ва ворид намудани тағйирот ба он; ташкили филиал ва намояндагиҳои TFT; иштирок дар кори дигар ташкилотҳо; таҷдид ва барҳамдиҳии TFT. Дар мувофиқат бо талаботи муҳити берунаи бозор ва қабули қарори стратегӣ ин маънои коркарди дарозмуддати дурнамои (то 5 сол) рушди стратегияи ташкилотро дорад.

Маҷмӯи пурраи амалиёти зарурӣ бо истифода аз дастури махсуси услубӣ дар назар дошта мешавад:
• муайян намудани омили нисбатан муҳими таъсиркунанда ба фаъолияти TFT (барои мисол, истифода аз PEST-таҳлил);
• омӯзиши натиҷаҳои тадқиқоти маркетингии бозор, истеъмолкунандагон, рақибон, имкониятҳои шарикони рушд ва ғайра;

пешина
аз 469
навбатӣ