Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Аксарияти масъалаҳои маҳорати лашкаркашӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои дурусти ноил гаржидан ба ғалаба буда, ба масъалаи идоракунии бизнес-фаъолияти ташкилоти дар шароити мураккаби муҳити атроф амалкунанда монандӣ дорад. Мақсади стратегия ҳам дар муҳориба ва ҳам дар бизнес — пеш аз он, ки вай шуморо нобуд месозад, шикаст додани душман аст. Роҳи нисбатан дуруст барои комёбшавӣ ба муваффақият дар нақшаи дарозмуддат ин ғолибият дар задухӯрди кушод, таъмини афзалиятҳо дар мусаллаҳшавӣ ва тактика, таҳияи арзишҳои истеъмолӣ барои мизоҷро (бештар, беҳтар, тезтар), ҷолибтар нисбат ба рақибон мебошад.

Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки стратегияи ҳам ҳарбӣ ва ҳам расмӣ маҷмӯи принсипҳои устувори дастурии ташкилот ба шумор мераванд. Чунин тахмин ҳолатеро инъикос месозад, ки ташаккули стратегия дар шакли принсипҳо ба мустақилияти кормандони ташкилот оварда, дар онҳо пайдошавии ташаббускориро бармеангезад. Тақсимоти принсипҳо дар тамоми ташкилот ба он оварда мерасонад, ки кормандон якдигарро беҳтар мефаҳманд ва ҳамчун як даста кор мекунанд. Аз як тараф, ин чандирии ташкилотро пуршиддат намуда, аз тарафи дигар, эҳтимолияти комёбшавӣ ба мақсадҳои ташкилотро бештар мегардонад.

Имрӯзҳо мафҳуми «стратегия» аз доираи аҳамияти ибтидоӣ баромада, маҳз ибораи «стратегия» ба воситаи асосноккунии пешгӯишаванда дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва дар фаҳмиши муосир, маҳорати идоракунии равандҳои мураккабро нишон медиҳад.

Стратегия ва тактика

Стратегия мулоҳизаро талаб мекунад,
тактика — назари фаросатро.
Макс Эйве

Дар шоҳмот 2 тарзи бозӣ мавҷуд аст: тактикҳо мувофиқатро дида, хатарнок бозӣ мекунанд ва стратегҳо фикр карда, тадриҷан бурд мекунанд...

Стратегия муташаккилан бо тактикаи бозии шоҳмот алоқаманд буда, усулҳои онро барои комёбшавӣ ба мақсадҳои стратегӣ истифода мебарад, инчунин бунёди сохтори асосӣ барои зарбаҳои тактикӣ ва ба вуҷуд овардани мувофиқатҳо амалӣ мегардад.

Стратегия доимо мафҳуми абстракт буда, тактика — мушаххас аст. Бозиҳои дар самти нақшаҳои стратегӣ иҷрошуда ба усули мавқеӣ мансуб буда, дар самти тактикӣ иҷрошуда — комбинатсионӣ аст.

Муваффақияти ташкилот на танҳо аз интихоби дурусти стратегия, ки албатта онҳо муҳиманд, иборат аст, балки роҳҳои татбиқи он низ

пешина
аз 469
навбатӣ