Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Аввалин рисолаи классикӣ доир ба стратегияи ҳарбӣ «Маҳорати муҳориба» стратегияи фаҳморо доир ба мағлуб намудани душмани худ пешниҳод мекунад. «Оне, ки дар садҳо ихтилофҳо ғалаба ба даст овард, санъати олӣ доштанаш дар гумон аст. Оне, ки санъати олӣ дорад, бо истифодаи стратегияҳо дигаронро тобеъ мекунад ва бо онҳо муҳолифат намекунад». Вобаста ба ин стратегия омили асосии муайянкунандаи муваффақияти муқобилият кардан ва таъмини ғалаба мебошад.
Дар ибтидо мафҳуми «стратегия» ҳамчун маҳорати пешбурди муҳориба фаҳмида мешуд. Бинобар ин ҷанг яке аз ҳодисаҳои муҳимтарин дар ҳаёти одамон, халқҳо, давлатҳо буд ва ҳамин тавр боқӣ мемонад. Пас ҳамроҳшавии «стратегӣ» бо маънии «муҳимтарин», «муайянкунанда» ба таркиби мафҳуми менеҷмент ба пуррагӣ дохил карда шудааст.
Сабаби асосии таъсири мутақобилаи муносибати стратегӣ ба идоракунӣ то ба ҳол анъанавӣ буда, барои аксарияти менеҷерон асоси ҷалб намудани диққат ба масъалаҳои идоракунии тактикӣ мебошад. Чунин муносибатро бисёр идоракунандагони бо фаъолияти «шаҳрвандӣ» машғулбуда дастгирӣ менамоянд, бинобар ин ходимон ва мутафаккирони ҳарбиро чун асосгузорони идоракунии стратегӣ медонанд.
Мутафаккиру лашкаркашон қарор доданд, ки фикри асосиро дар бораи он ки дар маҳорати ҳарбӣ принсипҳо асосӣ набуда, масъалаи муносибати тарафайни одамони дорои ҳокимият ва тобеъони онҳо (масъалаи идоракунии омма) асосӣ мебошад, таҳмил намоянд.
Дар байни қоидаҳои илми стратегияи чинӣ, хусусан мавқеи асосиро қоидаи «Сию шаш стратегия» (асри V) ишғол менамояд, ки барои истифодаи маҳдуд таъйин шуда, дар ҳама ҳолатҳо сири ғалаба аз болои душман, нусхаи ҳокимият ва илмро кушода медод.
Дар соли 1961 шахсиятҳои соҳибмартабаи олии Чин нашри пӯшидаи онро ба табъ расониданд ва танҳо пас аз итмоми «инқилоби фарҳангӣ» қоидаҳо дар шакли интишори кушода пайдо шуданд. Дар замони ҳозира ин заҳмат дар асоси гуфтаҳои Сун Тсзи, дар қатори нашрияҳои давлатҳои осиёӣ мавқеи устувор дошта, шоҳасари (бестселлери) Аврупо ва Амрико мебошад.
Мафҳуми «стратегия» таърихан бо истилоҳоти ҳарбӣ алоқаманд буда, маҳорати роҳбарии муҳориба, задухӯрд, муборизаро пешбинӣ мекард. Азбаски лашкаркаш-стратеги ҳарбӣ бо душмани оқил, маккор ва пешгӯинашаванда сару кор дошт, пас коркарди нақшаи муфассали муҳориба ғалаба намеовард. Лашкаркаш-стратегро мебоист қонуниятҳоеро ҷустуҷӯ ва пешгӯӣ намояд, ки имконияти пешдастӣ кардани душманро доро бошанд. Бо ибораи дигар, стратегия концепсияи комёбшавии ғалабаро ифода мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё