Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аҳамиятноканд. Агар қадамҳои тактикӣ муфассал фикр нашуда ва ё ғайрисамаранок татбиқ шаванд, ҳатто стратегияи беҳтарини пуриқтидори бомуваффақият ба нокомӣ меравад.

Тактика (калимаи юнонии қадимаи taktiká — бомаҳорат сохтани қӯшун, tásso — қатори қӯшун) — қисми таркибии маҳорати ҳарбӣ буда, назария ва таҷрибаи тайёршавӣ ва пешбурди муҳорибаро дар бар мегирад.

Ҳамчун стратегия тактика низ нақшае мебошад, ки бо кумаки он хоҳиши комёбшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда амалӣ хоҳад гашт. Танҳо стратегия ин нақшаи на он қадар амиқ дар ҷузъҳои татбиқи он мебошад. Тактикаро роҳи татбиқи стратегия номидан мумкин аст. Ҳар як стратегия якчанд қарорҳои тактикиро дар бар гирифта метавонад. Вобаста ба фикрҳои стратегӣ доир ба равишҳои тактикӣ миқёси васеъ дошта, барои татбиқи онҳо вақти зиёдтар сарф мешавад.

Стратегия ва тактика таъсири мутақобилаи зич доранд. Моҳиятан ҳангоми набудани стратегия тактика маъно надорад ва стратегия ҳеҷ гоҳ бе амалиёти тактикии моҳирона мулоҳизашуда татбиқ намегардад. Бинобар ин як ақида ва як фикр метавонад мавқеи ҳам стратегия ва ҳам тактикаро вобаста аз сатҳи (баландии) қабулкунии он муайян созад. Агар стратегияро дар муносибат бо стратегияи олӣ назар намоем, пас дар ин ҳолат он ҳамчун тактика ҳисобида мешавад.

Системаи се секунҷаҳо
Миссия

Расми 2.1. Системаи се секунҷа дар банақшагирии стратегӣ

пешина
аз 469
навбатӣ