Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Асосҳои методологии стратегии банақшагирии ҳудудӣ

Стратегияи банақшагирии рушди ҳудудии минтақаҳо дар Тоҷикистон тавассути лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон, ки ба анъанаҳои мавҷудаи банақшагирии дарозмуддати ҳудудӣ, таҷдиди технологияҳои муосири истифодашаванда дар заминаи принсип ва усулҳои банақшагирии стратегӣ асос ёфтааст, самаранок амалӣ мешавад.

Объекти банақшагирии стратегии ҳудудӣ дар ҳолати умумӣ ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудии мамлакат: вилоят, ноҳия (шаҳр) ва ҷамоат баромад мекунад.

Субъекти банақшагирии стратегии ҳудудӣ дар андозаи нисбӣ махсусияти объекти онро муайян намуда, хусусияти бисёрдараҷагӣ дорад. Масалан, барои шаҳр ҷавҳари субъекти банақшагирӣ мақомоти идоракунии маҳаллӣ мунисипиалӣ ба ҳисоб мераванд. Банақшагирии стратегии ҳудудии рушди шаҳр раванди мураккаб буда, риояи принсипҳои зеринро тақозо менамояд:

• Принсипи мақсаднок равонагардида асоснокии мақсадҳои стратегӣ ва бартариҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро ба назар мегирад;

• Такя намудан ба принсипи иҷтимоӣ маънои онро дорад, ки ҳангоми ташаккули мақсадҳои рушди шаҳр, механизмҳои татбиқи онҳо, ҳавасмандии аҳолӣ ва баррасии масъалаҳои беҳдошти сатҳи зиндагӣ бояд дар мадди аввал қарор дода шаванд;

• Риояи талаботи принсипи маҷмӯӣ маънои баррасии вазифаҳои афзалиятнокро, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрӣ амалӣ гашта, хусусиятҳои пешгӯии самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва омилҳои рушди таҳсилоти мунисипиалиро дорад;

• Истифодаи принсипи мутобиқшавӣ бошад, ташаккули консепсияи рушди шаҳрро бо дарназардошти тағйироти эҳтимолии муҳити беруна мефаҳмонад, ки метавонанд мақсад, бартарӣ, механизм ва татбиқи онҳоро ислоҳ намоянд;

• Принсипи самаранокӣ маънои исботи зарурии маҳз маҷмӯи мақсадҳои рушди иқтисодӣ ва функцияҳоро ифода менамояд, ки ба ҳайси афзалият қабул гардидаанд, инчунин роҳҳои татбиқи онҳо метавонанд бо хароҷоти ками молиявию иҷтимоӣ сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар гардонанд;

• Принсипи тавозуни ҳавасмандӣҳо бисёрмаъно буда, эҳтимолияти дарёфти мувофиқати байни сохторҳои гуногунсатҳи давлатӣ, сохторҳои касбӣ ва гурӯҳҳои ҷамъиятиро барои мақсадҳои стратегии рушди шаҳр, механизмҳои татбиқи амалии онҳоро дар бар мегирад;

• Принсипи легитимӣ (шоҳпарастӣ) баррасии ҳатмӣ ва қабули варианти рушди шаҳр, ки аз ҷониби мақомоти намояндагии худидоракунии маҳаллӣ пешниҳод шудааст.

пешина
аз 469
навбатӣ