Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Шарти асосии самаранокии стратегия аз иштироки ҷомеа ва дарки ҳавасмандиҳои шахсӣ иборат аст. Дар навбати худ, роҳбарӣ барои ноил гаржидан ба мақсадҳо бояд аз боло сурат гирад. Бо сабаби он ки пешсафон (лидерҳо) аз уҳдаи ин кор мустақилан баромада наметавонанд, барои онҳо кумаки тими стратегӣ зарур аст.

15.3. БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГИИ РУШДИ МИНТАҚА

Шакли универсалии ташкили стратегияи корхонаҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Барои ин бояд тимҳои махсуси стратегӣ, зерсохторҳо, гурӯҳҳои фаврӣ ва комиссияҳо ташкил карда шаванд; стратегия метавонад дар мубоҳисаҳои якҷоя ва дар ҷараёни ҳамкориҳои департаментҳои гуногун ба миён ояд; стратегия метавонад дар дохили ҳизбҳои сиёсӣ ва ё дастгоҳи давлатӣ рушд ёбад.

Бо мақсади истодагарӣ намудан ба мушкилоти ҳаррӯза барои ҳокимиятҳои бобарор омили умумӣ он аст, ки онҳо барои тафаккур ва ақидаронӣ, омӯзиш ва танқид фазои мусоид фароҳам оваранд. Маълум аст, ки ҳар як ҳокимияти дорои масъулияти баланд ва ё ташкилоти ҳокимият ба сохтор ва механизмҳо ниёз дорад, ки вазифаҳои номбаршударо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар акси ҳол, қувваҳои бо давлат рақобаткунанда бо дарназардошти стратегҳои ҳизбӣ, таҳлилгарони оид ба робита бо ҷомеа ва ВАО, созишкорон кӯшиш менамоянд, ки ояндаро барои имрӯз қурбон созанд.

Баланд будани хароҷоти стратегия ҳатмӣ нест. Дар ин робита манфиатҳо барои таҷдиди ҳокимияти ба таназзул майлдошта ва роҳандозӣ намудани қувваҳо имконият медиҳанд.

пешина
аз 469
навбатӣ