Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
Юн Чжон Ен
СТРАТЕГИЯҲОИ БУЗУРГИ ТИҶОРАТ Дар соли 1970 Samsung Electronics истеҳсоли телевизорҳои сиёҳ-сафеди 12-дюймаро бо тамғаи Sanyo оғоз намуд. Имрӯз бозор бо қаноатмандӣ навовариҳои ширкатро, ки телефонҳои интеллектуалӣ, телевизорҳои экрани яклухтдошта, ноутбукҳо ва дигар техникаи муосирро истеҳсол менамояд, қабул дорад.
Ширкати Samsung Group-ро бо даромади солонаи 100 млрд. доллар дар бозори корпоративии Кореяи Ҷанубӣ ба иштироки IBM, Intel, Citigroup, Caterpillar, Aetna дар бозори амрикой муқоиса намудан мумкин аст. Барои ширкати пурқувват гардидани Samsung Electronics хизмати директори генералии он Юн Чжон Ен калон аст.
МУНДАРИҶА
9.1. Таҳлили муҳити дохилии ташкилот
• Омилҳои муҳими муҳити дохилии ташкилот
• Таҳлили мавқеи ширкат дар соҳа
• Таҳлили маданияти ташкилӣ
9.2. Таҳлили имкониятҳои захиравӣ ва бозоргонии ташкилот
• Таҳлили иқтидори захиравии ташкилот
• Таҳлили ҳолати молиявии ташкилот
• Баҳодиҳии имкониятҳои бозоргонии ташкилот
9.3. Таҳлили иқтидори стратегияи ташкилот
• Баҳодиҳии иқтидори стратегияи ташкилот
• Таҳлили стратегияи хароҷот ва занҷираи арзишҳо
9.4. Хулосаҳои мухтасар
9.5. Саволҳои санҷишӣ
9.6. Кейс-вазъият
9.7. Тестҳо
9.8. Рӯйхати адабиёти иловагӣ ва истифодашуда
АРБОБОНИ БАРҶАСТАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Брюс Д. Хендерсен – муаллифи матритсаи ГМБ, ташкилкунандаи Гурӯҳи машваратии Бостон.
Дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Экономист» Хендерсон қайд намуд, ки барои тағйир додани тиҷорати ИМА назар ба дигар шахсиятҳои таърихӣ хизмати шоён кардааст. Корҳои илмии ӯ, ба мисли Матритсаи ГМБ ва Каҷхати Омӯзиш дар ҷаҳон машҳур буда, бо 27 забон интишор гардидаанд.
Брюс Дулин Хендерсен

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё