Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
телеграф низ ба як оҳанги дилбазан ғуввос мезаданд. Аммо рӯбоҳро аз онон биме набуд, зеро симчӯбҳо ночунбонанд ва касеро ё чизеро таъқиб намекунанд.
Аммо аз ғулғулаи гӯшкаркунандаи қаторҳои башаст гузаранда дам ба дам як қад мепарид ва сару гардани худро дарунтар мекашид. Аз ғув-ғуви замини зери худ бо ҳамаи ҷисми нозуку майдаяк, ҳатто то пӯсту устухонаш эҳсос мекард, ки гаронбории заминҷунбону хокфишори қаторҳо ва шиддати ҳаракати онҳо то чӣ андоза бузург аст ва бо вуҷуди он тарс ва нафрати худро аз бӯю бухори бегона бо зӯр фурӯ нишонида, аз қаъри чар намерафт, мунтазири соате буд, ки шаб фаро мерасад ва дар ин роҳ оромии нисбие барқарор мешавад.
Вай ба ин чоҳу аҳён-аҳён меомад, фақат рӯзҳое меомад, ки бағоят гурусна мондааст...
Дар фосилаи байни қаторҳо дар арсаи дашт ногаҳон сукут ҳукмрон мешуд, чунон ки баъди тарма ин гуна сукунат ба миён меояд, ва дар ин хомӯшии мутлақ рӯбоҳ садоеро пай бурда, ҳушёр мегардид, ки он аз баландиҳои осмонии баланди дашти нимторик базӯр ба гӯш мерасид ва ба ягон ҷонзоте тааллуқ надошт. Садои ҷараёнҳои бод буд он ва аз ҳамин ҳоло тағйир ёфтани ҳаво дарак медод. Ин ҳолро ҷонварак ба ғариза эҳсос менамуд ва бо сӯзу алам хомӯш мегардид ва шах мешуд, ӯ дигар ҳаракате зоҳир намекард. Мехост аз ҳисси мубҳами кадом як фалокати ом бо ҳамаи овоз нӯла кашаду фиғон бардорад. Аммо гуруснагӣ ҳатто савқи табииро низ хафаву хомӯш карда буд.
Рӯбоҳ панҷаҳои аз такудав озор ёфтаашро лесида, фақат паст-паст минғос мезад.
Шомгоҳон ҳаво серуӣ мешуд, зеро тирамоҳ наздик буд. Ва шабона замин сард мегардид ва то бомдод рӯи дашт аз шабнами нопойдор мисли шӯразор сап-сафед мешуд. Айёми хузновари камнаволае пеш меомад барои ҷонварони дашт. Он сайди ночизе ки тобистон дар ин ноҳия мезист, ба ҳар сӯ пароканда мегардид — яке ба кишварҳои гарм мерафт, дигаре дар қаъри лонааш ҷой мегирифт, саввумӣ барои зимистонгузаронӣ ба регзорён рафта буд. Гӯё дар олам ба ҷинси рӯбоҳ офат расида бошад, акнун ҳар рӯбоҳ дар сар то сари дашти васеъ дар ҷустуҷӯи қути лоямут тоқаву танҳо такудав дошт.
Рӯбоҳони ҷавони онсола кайҳо ба воя расида, ба ҳар тараф парешон шуда буданд. Мавсими ишқварзӣ ҳанӯз дар пеш буд. Оре, фаро нарасида буд он рӯзҳои зимистон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё