Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки аз чаҳор тарафи ноҳия рӯбоҳони нару мода гирди ҳам меоянд ва нарҳошон ба ҷони ҳамдигар меафтанд ва чунон набардҳо мекунанд, ки фақат ҳаёти муқтадир метавонист аз азал ончунон размгоҳе ба арсаи вуҷуд биоварад...

Дар оғози шаб рӯбоҳ аз ҷар баромад. Даме ба садоҳо гӯш дода истоду ба пуштаи роҳи оҳан равон шуд.
Нарм ва бесадо давида, дам ба ин сӯву дам ба он сӯи роҳ мегузашт. Вай саркути мусофиронро ҷустуҷӯ мекард, ки аз тирезаи вагонҳо берун андохтаанд. Ӯро лозим омад, ки ҳар гуна пасмондаҳои ниҳоят бадбӯй, ҳатто нафратоварро бӯ кашида-бӯ кашида, муддати мадиде кад-кади роҳ битозад, то даме ки ягон чизи ақалан андак дарҳуре пайдо шавад. Ҳар ду бари роҳи оҳан аз пораҳои қоғаз, рӯзномаҳои мичик, шишаҳои шикаста, нимсӯхтаҳои папирос, консервкутиҳои пачак ва соири партовҳо пур буд. Бӯе ки аз даҳони шишаҳои бутун берун меомад, махсусан мутааффин буд ва бӯи тотулаи заҳрогинро мемонд. Рӯбоҳ ин бӯйро як-ду маротиба ба димоғ кашида, сараш чарх зада буд, аз ин сабаб ҳамин ки бухори спирт ба машомаш мерасид, бинӣ афшонида, дарҳол худро ба каноре меандохт.

Аммо, мутаассифона, чизе ки ӯро лозим буд ва ба хотири ба даст овардани он тарсу бимашро фурӯ нишонда, ин қадар дуру дароз давутоз мекард, ба назар намерасид. Ва рӯбоҳ бо умеде ки луқмаи пайдо хоҳад шуд,
ба хастагӣ нигоҳ накарда, кад-кади роҳи оҳан медавид,
гоҳ ба ин сӯву гоҳ ба он сӯи пушта гузашта, пеш медавид.

Ногаҳон ӯ аз тохт бозмонд, як пои пешашро дар ҳаво муаллақ дошта, дар ҷояш шах шуд, ба мисли он ки ӯро касе банохост даст гирифта бошад. Бо партави хираи моҳ ҳамранг шуда, дар миёнаи ду рельс чун шабаҳе ноҷунбон менстод. Ғулгулаи дуре ки ба гӯшаш расида буд, қатъ нагардид. Аммо ҳанӯз хеле дур буд он садо. Рӯбоҳ думи худро ҳамчунон рост дошта, дилу бедилон пой иваз кард, гӯё мехост аз сари роҳ дур шавад. Лекин ба ҷои ин нохост саросема шуда, дам аз ину дам аз он канори пушта ба давидан даромад. Вай ҳанӯз умед дошт, ки кути лоямуте ба даст хоҳад афтод.
Ҳис мекард, ки ҳамин ҳоло луқмае даръёб хоҳад кард.
Аммо шақарроси оҳан ва гумбуроси садҳо адад чархҳои пӯлодин низ бо даҳшати афзояндааш наздик мерасид. Рӯбоҳ танҳо чанд лаҳза таъхир кард ва ҳамин муддат

пешина
аз 293
навбатӣ