Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Бигир ин китобро, ки ҷисми ман аст,
Шунав в-ин каломро, ки ҷони ман аст.
Аз «Андӯҳнома»-и Григор
Нарекаци, асри X.
I
Барои сайде ба даст овардан аз он сойҳои беоб ва обраҳаҳои сӯхтагиёҳ ҳавсалаи бутун лозим буд. Рӯбоҳи гурусна гоҳ ҷонваракони майдаи ҳаффорро дунболагирӣ мекард, ки сояи ӯро дида, бо пайроҳаҳои қаҷмакачакашон бо чолокии ҳайратангезе мегурехтанд, гоҳ лонаи юрмонро бошитоб чангол зада, валангор мекард, гоҳ аз мушаки дупое ки зери димоғи майдаяку назарнораси селгоҳи садсола пинҳон шудааст, чашм наканда, мунтазир менишаст, то мушак ба ҷои кушоде барояду ӯ худро бо як ҷаҳиш ба вай бирасонад. Рӯбоҳ ба ҳамин тариқа масофа тай карда, қадам ба қадам ба роҳи оҳан наздик мешуд. Ба ҳамон хоктеппаи тирвор росте ки аз мобайни дашт кашола шуда мегузашт ва ба дили ӯ васваса андохта, ҳам ҷалб менамуд, ҳам метарсонидаш.
Ба ҳамон роҳи оҳани, ки аз болояш замини гирду пешро ба ларза андохта, гоҳ ба ин ва гоҳ ба он сӯ гумбуросзанон қаторҳо мегузаштанд ва аз дунболи онон бӯи сӯхтагӣ ва тааффуни пурзӯре боқӣ мемонд ва бод онро ба паҳнои дашт пароканда менамуд.
Шомгоҳон рӯбоҳ дар қаъри оббурдае, дар канори
ҳатти телеграф, миёни шилҳазори хушк пеши пояҳои
шингарфи тухмаш расида ҷомаи сурху маллатоби худро
ба назарҳо номаълум карда хобид. Вай гӯшҳояшро гоҳ
асабонӣ меҷунбонид ва гоҳо сих карда мешунавид, ки
боди поингаҳии дашт ба баргу пояи хушки гиёҳҳо бархӯрда, чӣ гуна махин-махин хуштак мекашад. Симчӯбҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё